logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии тамғаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакон дар мавзуи «Дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон» баргузор гардид.

 
Дар намоиши мазкур чор тамғаи ҷашнии омоданамудаи Вираҷ Сингх, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар ҳузури доираи васеи иштирокчиён рӯнамоӣ ва муаррифӣ гардид. Дар онҳо муштаракоти таърихӣ, урфу одат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудаанд.
Ҳамчунин, ба хотири дӯстии ин ду миллат ва ҳифз намудани муносибатҳои бародарии онҳо аз ҷониби насли наврас зиёда аз 50  расми офаридаи кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шуд, ки аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт. Зикр бояд намуд, ки мавзуи асосии эҷодиёти онҳоро муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон инъикос менамуданд.
- Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурге дар таърихи навини ду кишвари бо ҳам дӯст ба ҳисоб рафта, ин ҷашни бисёр муҳимро ду миллати тамаддунофару сулҳпарвар ҳамчун ҷашнвора таҷлил менамоянд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ имкон доданд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе равобити зич ба роҳ монда, дар ин давра чорабиниҳои гуногун баргузор намоянд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзуи «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон», намоиши дигар бахшида ба 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор шуданд, ки ин пайк аз дӯстиву бародарии воқеӣ ва ҳамфарҳангиву ҳамдилии ду кишварро медиҳад,  - иброз намуд Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ёдовар бояд шуд, ки намоиши «Дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон» дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Инчунин, ба хотири болидаруҳии ҳозирон Маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ансамбли ҷумҳуриявии «Лаъл»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 1449
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед