logo

иҷтимоиёт

"НУРИ РӮШНОӢ". ОҒОЗИ РАСМИИ БАРНОМАИ ҶОМЕАПАРВАР

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат  дар шаҳри Душанбе барномаи иттилоотӣ доир гардид, ки зимни он бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид,  Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Нури рӯшноӣ» оғоз гардид. Дар ҷумҳурӣ ин чорабинӣ бо баргузории маъракаи «16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ» мувофиқ омад.
Дар оғози расмии ташаббуси «Нури рӯшноӣ» Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози доимии  СММ дар Тоҷикистон, Петра Гаспарова, муовини сафири Иттиҳоди Аврупо, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони СММ дар Тоҷикистон  иштирок намуданд.
Нигорахон Ғаффорзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, иброз намуд, ки ташаббуси «Нури рӯшноӣ» дар Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 «Дар бораи лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» роҳандозӣ гардидааст. Зикр шуд, ки дар сиёсати мо  зиндагии арзандаву шоиста дар ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолшавии ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар ҳамчун самти муҳими фаъолият муқаррар гардидааст. Бо мақсади пойдор намудани сиёсати давлатӣ дар самти баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Дар ин давра санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардиданд, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гаштани  мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуда истодаанд.
«Қабули лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии барномаи муштараки СММ  оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ», ки аз ҷониби ИА  маблағгузорӣ мешавад, тасдиқи он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  батадриҷ уҳдадориҳоро дар самти амалӣ намудани ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо амалӣ намуда истодааст», - афзуд Матлубахон Сатториён.
Сезин Синаноғлу гуфт, ки масъалаи  хушунат нисбат ба занон ба тамоми кураи Замин рабт дорад.  Аз ин рӯ, СММ якҷо бо созмонҳои байналмилалии дахлдор лоиҳаи «Нури рӯшноӣ»-ро таҳия карда, дар 25  мамлакат пиёда сохтанд.
- Ҳадафи асосии ташаббуси «Нури рӯшноӣ» хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархӯрдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ва зиндагии бехушунат равона гардида, амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст. 
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Кумитаи кор бо занон ва оила  дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ» нишасти матбуотӣ доир карданд, ки дар рафти он хабарнигорон ба суолҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 1606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед