logo

иҷтимоиёт

МУСОФИРИ АФҒОН: “ШУКРИ САРВАРИ ХУД КУНЕД!”

Аз шаҳри Душанбе савори нақлиёти мусофиркаш ба Хоруғ меомадем. Ин сафари аввалини ман буд дар ин масир, баъде ки дар ноҳияи Дарвоз сел фуромада, роҳи  деҳаи Хоставро вайрон карда буд. Он рӯзҳо дар бораи сел, хисороти он тариқи телевизион хабару гузоришҳои зиёде пахш мегардиданд. Сел аз рӯдхонаи тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарозер шуда, деҳаҳои сари роҳашро ба коми худ фурӯ бурду дарёи Панҷро чанд муддат банд кард. Як қисмати деҳаи Хостав ва қитъаи шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ, ки қад-қадди дарё мегузарад ва даҳҳо хонаҳои истиқоматии деҳаи Хостав таги об монданд. Давоми як шабонарӯз бо заҳмати зиёд роҳсозон бо кумаки ҳарбиён тавонистанд дарёро рахна кунанд.

 
Дар он тарафи дарё аз деҳаи сабзу хушманзар чизе боқӣ намонд. Даҳҳо хонавода хонабардӯш ва хаймашин шуданд. Ширкатҳои телевизионии ҶИА бобати даҳшати сел ва оқибатҳои харобиовари он гузоришҳо пахш карданд.
Вақте аз посгоҳи БДА-и ноҳияи Дарвоз гузаштем, мусофире, ки дар паҳлуям менишаст ва аз суҳбат маълумам шуд, ки аз тоҷикони Афғонистон аст, ба ман муроҷиат карда гуфт:
- Инак, ба Ватани ман наздик омадем. Хонаи ман, ана дар пушти ҳамин кӯҳдоман ҷой гирифта буд,- ҳамсафарам ба он тарафи дарё – марзи Афғонистон ишора карда, афзуд: -Хона ҳам не, як кулбаи вайронае доштам, ки сарамонро дар сардиву гармӣ он ҷо паноҳ мекардем. Он рӯзи наҳс кулбаи мо ҳам дар қатори даҳҳо кулбаҳои дигари ҳамсояҳо туъмаи сел гардид. Ҳамаи замини кишту боғи сарсабзамон дар як лаҳза аз байн рафт. Хайрият, аъзои хонаводаам осебе надиданд.
Дар он тарафи дарё “изи” сел намоён буд. Фақат дар болои кӯҳдоман хонаи нимвайронае аз деҳаи харобгаштаи замоне дар ду тарафи рӯди кӯҳӣ доманпаҳнкарда дарак медод.
- Мо бо азобе бо зану кӯдаконамон рӯди пуртуғёни кӯҳиро убур карда, тайи се рӯз дар ҳамин дашт, зери офтоби туроқ аз сел паноҳ ҷустем,- боз ба он тарафи дарёи Панҷ ишора карда, нақлашро идома дод Ҳокимшоҳ  (мусофир  чунин ном доштааст). - Дар Тоҷикистон бошад, аз соатҳои аввали офати табиат ҳукуматдорон ба сари сел расиданду корҳои бартарафсозии хисорот сар шуд. Сел маҷрои дарёро баста буд. Вертолётҳои ҳарбии Тоҷикистон бо навбат парвоз карда, болои сел бомба партоб мекарданд. Сел ҳам паст намеомад. Вале оқибат мушоҳида кардем, ки оҳиста-оҳиста мавқеашро аз даст медод. Сатҳи сел паст шуда, оби дарё аз мобайни сел равон шуд. Сатҳи оби кӯли табиӣ ҳам торафт поин мефуромад. Деҳаи тарафи Тоҷикистон аз об раҳо ёфт. Вале кор ҳамоно босуръат идома дошт. Роҳсозон ҳам аз ҷониби Дарвоз ва ҳам аз тарафи Шурообод бо техникаву механизмҳои азиму замонавӣ беист хоку шағал кашонда, сатҳи роҳро баланд мебардоштанд. Дидем, ки қитъаи харобшудаи роҳ ҳам ба ҳолати аввала баргардонда шуду ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркашон барқарор гардид. Дар мавзеи зебо ва муносиб барои хонаводаҳое, ки бар асари сел зарар диданд, Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ хонаҳои нав бо тамоми шароит сохта дод. Мактабу бунгоҳи тиббӣ бунёд кард. Вале мо – хонабардӯшони он тарафи дарё, ҳамаи инро назора мекардему ҳасад мебурдем. 2  ё 3 сол пеш, вақте ки сел дар ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон фуромада, 85 хонаводаи се деҳаро хароб кард, Сарвари Тоҷикистон худашон ду маротиба ба назди осебдидагон омада, дилашонро ба зиндагӣ аз нав гарм намуданд. Дастур доданд, ки дар муддати кӯтоҳ барои ҳамаашон мувофиқи табъашон хонаҳои тарҳи замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти рӯзгор  сохта диҳанд. Инро шунида, бовар намекардем, ки дар дунё ҳамин хел ҳам мешудааст. Вале, баъдтар, фаҳмидем, ки дар миёни ду-се  моҳ ҳамаи супоришҳои Сарвари давлат иҷро гардиданд. Тули корҳои сохтмонӣ муовини Сарвазири мамлакат, раисони вилояту ноҳия ҳамроҳи мардуми осебдида хайманишин буданд, ба рафти корҳои сохтмонӣ назорат мекарданд. Оқибат, худи Раисҷумҳур омада, ба мардум калиди хонаҳояшонро бо тамоми таҷҳизоташон супурданд. Мо –  бесоҳибонро Раисҷумҳуру Сарвазир куҷо, ҳатто, волиҳоямон ҳам хабар намегирифтанд. Тайи се сол дар ҳамин дашт, дар хаймаҳо ба сар мебурдем. Ҳукумат куҷо парвои ҳоли мо мекард!? Вай чандин даҳсолаҳо боз машғули ҷанги бемаънист. Хайрият, се сол баъди офат як ташкилоти хайриявӣ пайдо шуду барои мо каме маблағ ҷудо кард, ки бо он тавонистем ба  Тоҷикистон оем. Ҳоло дар Душанбе ба тиҷорат машғулам. Хайрият, Тоҷикистон орому осуда  аст, вагарна ҳоли мо чи мешуд, Худо медонад. Имрӯз ба ин деҳи ободи навбунёд, чеҳраҳои ҳар кадоми шумо – бародарони тоҷикистонӣ, нигоҳ карда, иқрор мешавам, ки дар ҳақиқат шумо хеле хуштолеед, ки Худованд чунин Сарвари меҳрубонро бароятон арзонӣ доштааст. Ман ба Шумо хайрхоҳона ҳасад мебарам ва пайваста дуогӯи онам, ки ин марди наҷиб ҳамеша Сарвар бошанд. Зеро ӯ барои раъйияти худ хеле хушбин ва меҳрубон ҳастанд. Кошкӣ, мо ҳам чунин сарвар медоштем…
Суҳбатамон бо ин марди мусофир ду сол пеш  иттифоқ афтода буд. Чанд моҳ пеш Президенти  Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карду мамлакатро ба дасти ҳаракати “Толибон” супурд. Имрӯз дар мамлакат қашшоқиву нодорӣ ҳукмфармост. Теъдоди муҳоҷирони иҷбории афғон дар тамоми мамолики дуру наздик рӯ ба афзоиш дорад. Мамлакатҳое, ки пеш гӯё ба мардуми афғон кумак мерасонданд, на танҳо ба ҳоли онҳо аз паси панҷа менигаранд, балки ба қабули муҳоҷирон чандон хушбин набуданашонро пинҳон намедоранд. Ин сатрҳоро рӯи коғаз оварда, чеҳраи Ҳокимшоҳи мусофир пеши назарам меояд. Ӯ  пайваста мегуфт: “Шумо, тоҷикони хушбахти Тоҷикистон ба қадри Сарвари давлататон Эмомалӣ Раҳмон расед. Шукр кунед, ки чунин сарвар доред. Умеди мо –  тоҷикони  Афғонистон ҳам, ба ӯст.  Мо бовар дорем, ки ӯ моро ҳам бо тамоми мушкилотамон танҳо намемонад!”.
Раҳмонқул РАҲМОНҚУЛОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 1559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед