logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик умеди дар сулҳу субот зиндагӣ карданро аз даст дода, ба ҳар гӯшаву канори дунё муҳоҷир шуданд. Аммо Худованд дар он рӯзҳои даҳшатбор фарзонафарзандеро ба миллати куҳанбунёди ориёинажод бахшид, ки чунин нобовариро дар дили мардуми тоҷик барҳам зад. Роҳбарии миллати хуштолеи тоҷиконро нафаре ба дӯш гирифт, ки  дар муддати кӯтоҳ ба мардум сулҳу оромӣ овард. 
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ба сари қудрат омаданашон дубора умеди зиндагии шоистаро дар қалбҳои мардуми он замон саргардони тоҷик зинда намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, давлатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба як кишвари орому осуда табдил диҳанд. Дарвоқеъ, он солҳо  касе умед надошт, ки ин кишвари ҷанзада, ки мардумонаш ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд, дигарбора барқарор мешавад. Ва дар гӯшаи хотири касе ҳам намеомад, ки Тоҷикистон дар муддати 30 соли баъдӣ ба гулистон мубаддал мегардад. Аммо зери сиёсат ва роҳнамоиҳои дурусти Пешвои миллат тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рушд карданд. 
Роҳҳои байни навоҳӣ навсозӣ шуданд ва дар шаҳру ноҳияҳо иншооти наву замонавӣ бунёд ёфт. Хусусан, баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ноҳияҳои кишвар дар ин самт рушд намуданд. Бе муҳобот ин ташаббуси Пешвои миллат на танҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот, балки ҷиҳати  дубора эҳё ва ҳифз намудани ҳунарҳои мардумӣ иқдоми шоиста мебошад. 
Ин иқдом тавонист насли наврасро бори дигар огоҳ созад, ки тоҷикон миллати қадима мебошанд, урфу одат, анъана ва ҳунарҳои ба худ хос доранд. Дар ин муддат аз ҷониби мардуми ҳунарманд ҳунарҳои миллӣ аз нав зинда гардиданд ва ҳатто Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаву канори кишвар марказҳои омӯзишӣ фаъолият доранд, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзиву зардӯзӣ, қолинбофиву бӯрёбофӣ, сабадбофиро ба насли наврас меомӯзанд. Ҷиҳати хуби дигари масъала дар он аст, ки бо эҳё шудани марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ занону духтарони деҳот, онҳое, ки имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро надоранд, бо шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин дар беҳ гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.  
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, соҳибкорони бонангу номус бо ободу зебо намудани зодгоҳ тавонистанд,  барои зиндагии шоистаи деҳотиён шароити хуб фароҳам оваранд. Айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ  бунёди иншоотҳои баландошёна, биноҳои фарҳангиву фароғатӣ, боғчаҳои кӯдаконаву муассисаҳои таълимии замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ идома доранд, ки ин ҳама дарак аз рушди деҳотанд. 
Ҳоло Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва ҳифзкунандаи ҳунарҳои бостонӣ мешиносанд. Ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва  масъалаи мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи  Пешвои миллат  қарор дорад. Шоҳиди он ҳастем, ки Роҳбари давлат дар ҳама сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки дар ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омӯзондани он ба насли наврас  бетараф набошем.  Воқеан, ҳунарҳои мардумӣ, ки  як ҷузъи муҳими фарҳанги миллат маҳсуб меёбанд, ҳамзамон, ҷузъи таъриханд ва аз таърихи куҳан доштани ҳар   давлату миллат гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз кишварҳои алоҳида мекӯшанд ин ҳунарҳоро, ҳатто, дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоя намоянд. Боиси фараҳмандист, ки ҳоло ба хотири ҳифзу эҳёи ҳунарҳои гузаштагонамон чорабиниҳову намоишҳо роҳандозӣ шуда, ҳунари волои чирадастон қадр мешавад. Дастгириву кумакҳо ва ҳисси баланди  ватандориву  ватанпарварии Пешвои муаззами миллат боис шуд, ки чакан, ҳунари қадимаи миллати тоҷик  ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардад. 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 1683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед