қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 ноябри соли 2021, № 504, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210, «Дар бораи тасдиқи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Дар банди 6 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210, тасдиқ шудааст, калимаҳои «Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2021 №: 241 Мутолиа карданд: 5596