фарҳанг
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН ИДОМА ДОРАД
Тули чанд рӯз аст, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» манзури тамошобинон мегардад. Он аз лаёқати волои китобхонию суханронии насли наврас дарак медиҳад. Хондани шеърҳои зиёду аз бар намудани луғатҳои бешумор ба ояндаи дурахшони онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳақиқат сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбияти дуруст ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад.
Зикр бояд намуд, ки соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Озмуни мазкур аз рӯйи панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолӣ) тақсим мешаванд.
-Тибқи ҷадвали баргузории озмун аз 2 то 5 - уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6 - 7 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8 - 10 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар озмун иштирок мекунанд. Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинаи назму наср 11 - 12 декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза 13 декабр доир мегардад, - зикр намуд сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт.
Ташкили чунин озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳо баёнгари он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва ба ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2021 №: 244 Мутолиа карданд: 2479