logo

иқтисод

ПАНҶ. ОБОДКОРИҲО ДАР ҲОШИЯИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

“Мардуми сарбаланди ноҳияи Панҷ чун дигар сокинони Тоҷикистон баҳри рифоҳи зиндагии хештан ва ҳар як ҳаммеҳан аз самими дил заҳмат кашида, ба ин васила садоқати хешро ба давлату Ҳукумати мамлакат ва, махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит мекунанд. Ноҳияи мо бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Вазъи сангини онҳоро хуб медонем. Биноан, аз ин сулҳ ва суботи сиёсию иқтисодие, ки дар Тоҷикистон пойдор аст, шукрона карда, намегузорем, ки хотираи таърихӣ фаромӯш ва ҳидоятҳои Сарвари ғамхори давлатамон ҷиҳати ба ободкориҳои бештар камар бастан нодида ё худ саҳл ангошта шаванд. Самари ин гуна ҷаҳду талошҳост, ки дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолии давлатӣ ҳар як гӯшаи ноҳия беҳтар аз пештар шудааст. Яъне, инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст ва ба ҳамин зайл боз корҳои ободонӣ идома доранд, ки дар меҳвари ин ҳама боз ҳам осоиштагии миллат ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд”, - иброз дошт Зарифхӯҷа Шоҳиён Фақер, раиси ноҳияи Панҷ. 

 
ИФТИХОР АЗ БУНЁДКОРИҲОИ ФАРОВОН
Ба ифтихори Ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Панҷ эъмори 213 иншоот ба нақша гирифта шуд, то кунун 101 дарсад ё худ ба маблағи 96,7 миллион сомонӣ иҷро гардид. Аз ҷумла, ба иттилои Хайринисо Кенҷазода, муовини раиси ноҳия, даҳ бинои маъмурӣ, шаш майдончаи варзиш, чор сартарошхона, як нуқтаи истеҳсоли айнак, нуҳ маркази ташхисию табобатӣ ва бунгоҳи тиббӣ, 87 синфхонаи иловагӣ дар назди 13 муассисаи таълимӣ барои 2 ҳазор хонанда дар як баст, даҳ корхонаи хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, 37 маркази савдо ва нуқтаи хизматрасонии маишӣ, панҷ гармхона ва фермаи чорводорӣ, таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ, панҷ хатти оби нӯшокӣ кашида шуда, тадбирҳои чароғон, мумфарш ва сангфаршкунии роҳҳо дар шаҳраку деҳот хотима ёфта, дар 54 мавзеъ роҳу пулҳо барқарор ва таъмир гаштанд.
Дар самти сохтмон ва навсозии биноҳои маъмурӣ дар ин давра  бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбачаи ВКД дар Ҷамоати деҳоти ба номи К. Сайфиддинов ва баъди корҳои навсозӣ ва таъмири асосӣ биноҳои маъмурии мақомоти прокуратура ва суди ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Дар соҳаи тандурустӣ бунёди 23 иншооти таъиноташон гуногун, коллеҷи тиббии хусусӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ, ду маркази ташхиси тиббӣ, се нуқтаи хатна, панҷ дорухона ба истифода дода шуданд.
Дар соҳаи фарҳанг ва варзиш бунёду навсозӣ ва таъмири 26 иншооти фароғатию варзишӣ пешбинӣ шуда буд, то арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 адад, аз ҷумла 18 майдонча ва ду толори варзишӣ бунёд гардида, сохтмони китобхонаи марказӣ, китобхонаи шахсӣ, навсозии се боғи фарҳангию фароғатӣ, ду гулгашт ва бунёди майдони Парчаму Нишони давлатӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Дар баробари ин, барои некуаҳволӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ноҳия 14 маркази савдо, маркази хизматрасонӣ ва шустушӯйи автомобилҳо, ду кошонаи ҳусн, 12 сартарошхона ва як ҳаммом фаъол гаштанд.
Барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат 15 корхонаву коргоҳ ва навсозии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, дар маҷмуъ, бо таъсис додани 47 ҷойи нави кор пешбинӣ шуда буд. Бо ин мақсад дар ин давра ду корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ бо иқтидори солонаи 150 тонна бо таъсиси 14 ҷойи нави кор, навсозии корхонаи коркарди шир бо иқтидори солонаи 50 тонна бо таъсиси 10 ҷойи кор, сехи макаронбарорӣ бо таъсиси 3 ҷойи кор, чор корхонаи дӯзандагӣ бо таъсиси 12 ҷойи кор, чор корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо таъсиси 15 ҷойи кор, шаш корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сафолакҳои ороишӣ барои роҳравҳо бо таъсиси 18 ҷойи кор, дар маҷмуъ, 17 корхона бо таъсиси 72 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дар  ду деҳаи Ҷамоати деҳоти Озодагон дар масофаи 12,5 километр лӯлаҳои обгузар бо маблағи 1 миллиону 380 ҳазор сомонӣ, дар як деҳаи дигари ҳамин деҳот бо бунёди чоҳи амудӣ ва кашидани 12,1 километр лӯлаи обгузар ба маблағи 2 миллиону 310 ҳазор сомонӣ, ҳамзамон, дар деҳаи Коммунизми деҳоти Намуна бо бунёди ду чоҳи амудӣ бо кашидани 9,8 километр лӯлаи обгузар ба маблағи 870,3 ҳазор доллари амрикоӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 32 ҳазору 561 нафар аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Дар самти кишоварзӣ дар ин давра 1,5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар майдони 1,2 гектар бо маблағи 870,3 ҳазор сомонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Меҳвар аз ҷониби як нафар соҳибкор дар майдони 0,20 гектар бо маблағи 142,1 ҳазор сомонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти ба номи К. Сайфиддинов аз ҷониби соҳибкор дар майдони 0,10 гектар бо маблағи 72,5 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Ҳамзамон, 6,5 гектар гармхонаҳои мавсимӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддинов дар майдони 1,6 гектар, дар Ҷамоати деҳоти Озодагон дар майдони 1,4 гектар, дар Ҷамоати деҳоти Меҳвар дар майдони 1,3 гектар, дар Ҷамоати деҳоти Намуна дар майдони 1,3 гектар, дар Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат дар майдони 1,1 гектар ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 80 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гашт.
 
НАҚШАҲОИ ИҚТИСОДӢ ҚОБИЛИ ВАСФАНД
Дар ноҳияи Панҷ зарфиятҳои мавҷудаи иқтисодӣ низ ба таври густурда истифода мешаванд. Ин аст, ки ба қавли Ҳусейн Нидозода, муовини якуми раиси ноҳия, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷет ба маблағи 22 миллиону 582,2 ҳазор сомонӣ таъмин шуд, ки ин 100 дарсади нақша буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 304,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  6 миллиону 951,5 ҳазор сомонӣ ё 110 дарсади нақша иҷро гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли мозӣ 1 миллиону 853,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,2 фоиз иҷро гардид. 
 
ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИЮ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД
Ба гуфти Мансур Сироҷов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, ҷамъи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 54 миллиону 903,5 ҳазор сомонӣ расид. Ҳаҷми истеҳсоли орд 100,1, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,2, маҳсулоти ширӣ 101,4 фоиз, сангу шағал 100,2, маҳсулоти макаронӣ 103,6, хишти сементӣ 100,1 дарсад иҷро гардид. Истеҳсоли гӯшт ба 712,8 тонна расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 тонна ё 1,4 фоиз зиёд аст.    
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муддати нуҳ моҳи соли 2021, чуноне Шералӣ Одинаев, мудири шуъбаи кишоварзӣ, зикр кард, 654,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш 22,9 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, суръати афзоиш 3,6 дарсадро ташкил медиҳад. 
Дар ин давра 17 ҳазору 929 тонна шир, 47 ҳазору 200 дона тухм, 43850,6 тонна сабзавот, 19 ҳазору 76 тонна картошка ва 101 ҳазору 39 тонна мева истеҳсол гардидааст, ки афзоиш дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2 то 37,2 дарсад аст. 
Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 2478,8 тонна сабзавоту мева содирот шудааст, ки 109,7 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2021    №: 244    Мутолиа карданд: 2558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед