logo

иқтисод

СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ БОЗОМӮЗӢ ШАВАНД. ПЕШНИҲОДИ ОЛИМОНУ МУТАХАССИСОН ЗИМНИ МИЗИ ГИРДИ МТС

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбати гирди миз зери унвони «Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» иқтисодшиносони  Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, БДАТ «Амонатбонк» ва КВД «Тоҷинвест»  омилҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсиргузорро мавриди баррасӣ қарор доданд. Олимону мутахассисони мамлакат  додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ба соҳибкорони хурду миёнаро яке аз роҳҳои  асосии рушди саноати деҳот донистанд.  

 
Ба гуфтаи Фарҳод Шарофов, устоди ДДТТ, имрӯзҳо қариб барои ҳамаи соҳибкорони ватанӣ  имтиёзҳои қарзию андозии давлату Ҳукумат равона гардидааст. Аммо бештари имтиёзҳоро соҳибкорони калон дарёфт менамоянд. Барои он ки мо тавонем соҳибкории истеҳсолиро дар деҳот ривоҷ бахшем, бояд зиёдтар ба соҳибкорони хурду миёна қарзҳои камфоизу дарозмуддат диҳем. Ба ин васила, онҳо аз зинаи соҳибкории хурд зудтар ба зинаи соҳибкории калон хоҳанд гузашт,- гуфт ӯ. 
Фирдавс Нориён, директори маркази бозомӯзии соҳибкорони КВД «Тоҷинвест», иброз дошт, ки соҳибкорон баробари дастгирии қарзию андозӣ, ҳамзамон, ба такмили дониш ё бозомӯзӣ ниёз доранд.  Зеро имрӯзҳо раванди рушди технология, бахусус дар ҷодаи соҳибкорӣ, босуръат ҷараён дорад ва ҳамоҳанг будани фаъолияти соҳибкорон бо падидаҳои нави замон шарти муҳими соҳа мебошад. 
Дар ҷамъомад, ҳамчунин, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкории экологӣ, электроникунонии низоми иҷозатномадиҳӣ ва андоз аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи соҳибкорӣ арзёбӣ гардид. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2021    №: 244    Мутолиа карданд: 2665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед