logo

фарҳанг

“ХАТЛОН” МАКТАБИ ЧАНД НАСЛИ РӮЗНОМАНИГОРОН

90-солагии таъсиси аввалин нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – рӯзномаи “Хатлон” бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, собиқадорони ин ҷарида, ҳамкорони пешин ва кормандони кунунии он бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуд.

Меҳмонон сараввал аз идораи рӯзнома дидан карданд. Ин ҷо бо заҳмати сармуҳаррири рӯзнома, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода ва ҳайати эҷодӣ осорхона ва китобхона таъсис дода шудааст. Дар осорхона дастгоҳҳои кории аввалини ин редаксия, амсоли дастгоҳҳои аксбардорӣ, мошинкаҳои чопкунанда ва дастхатҳои чеҳраҳои маъруфи ин боргоҳ нигоҳдорӣ мешаванд. Дар китобхона асосан асарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рисолаҳои мансуб ба таърихи вилояти Хатлон ва ВАО-и маҳаллӣ, таълифоти дастпарварони ин мактаби рӯзноманигорӣ ҷой дода шудаанд. Ба замми ин, таърихи рӯзнома: лаҳзаҳои корӣ, аввалин сармуҳаррирон, кормандони собиқ, тими феълӣ дар суратҳои зиёд ба таври хеле муассир инъикос шудаанд.
Меҳмонон, алалхусус, раиси вилоят баъд аз тамошо ба меҳнати дастандаркорон баҳои баланд доданд. 
Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат шароити корӣ дар ин идора бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беҳтар шуда, шуруъ аз моҳи апрели соли 2021 рӯзнома дар як ҳафта ду маротиба бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр мешавад.
Дар идома дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти унвони “Нақши рӯзномаи “Хатлон” дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. 
“Ин нашрия, – зикр кард Қурбон Ҳакимзода дар рафти суханронии худ, – дар зарфи 90 соли мавҷудият дар саҳифаҳои худ таърихи рангини Хатлонзамин, меҳнати шоистаи онро бозтоб кардааст. Бо талаботи давру замон бо номҳои “Сохтмони зарбдори Вахш”, “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Пахтакори сурх”, “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Роҳи ленинӣ”, “Навиди Вахш” ва “Ҳақиқати Хатлон” ба дасти муштоқони худ расидааст. Чеҳраҳои шинохтаи миллат Аскаралӣ Набиев, Тӯра Қобилов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Файзалӣ Чориев, Пиримқул Сатторӣ, Ҳусейн Маликов, Тоҳир Асомуддинов, Ҳасани Муродиён, Мурод Сотиев, Сайдалӣ Бобохонов, Ҳақназар Ғоиб, Бахтиёр Муртазоев, Саломиддин Мирзораҳматов, Аъзам Мӯсоев, Муҳаббат Мирзораҳимова, Ҳуриннисо Ализода, Давлат Султонов, Карим Давлат ва даҳҳо шахсиятҳои номдор дар ин боргоҳи ҳақиқатнигорӣ қаламфарсоӣ карда, шогирдони зиёдро ба камол расондаанд”.
Яке аз собиқ сармуҳаррирони соҳибноми “Хатлон” Шералӣ Яҳёев доир ба фаъолияти хеш, ки ба давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост омадааст, ба ҷавонон қисса кард.
“Он солҳо кори журналистӣ ниҳоят хавфнок буд, – гуфт ӯ. – Мо корро баъд аз соатҳои 1-2-и шаб, яъне баъд аз холӣ шудани кӯчаҳо аз яроқбадастон оғоз мекардем. Бо вуҷуди ҳамаи ин заҳматҳо, ба фарзи мисол, маоши ман – сармуҳаррир ҳамагӣ 2 сомонӣ буд, ки то соли 2004 ба 17 сомонӣ расид. Азбаски бисёре аз роҳбарони вақт чӣ будани матбуотро дуруст сарфаҳм намерафтанд, боре аз як нафар чунин супориш гирифтем: “Мақолаи маро ҷой карда, газетро даҳ дақиқа пас дар рӯйи мизам мегузорӣ!”. Дигареаш пурсида буд: “Чӣ мушкил доред?”. Гуфтем: “Ҳуруфчин намерасад”. Гуфт: “Ҳамин ҳам гап шуд?! Дар кадом вазорат мефурӯшанд, ки ман харида орам?”. Фаҳмондем, ки ҳуруфчин номи техникаи корӣ не, балки унвони мутахассис аст. Он замон ҳама яроқ доштанд. Дар даромадгоҳи биное гуфтанд, ки “Яроқҳоро супурда, баъд дохил шавед!”. Ман ручкаамро болои миз гузоштам. Аз ин ҳазли ман посбони бино ба шӯр омад. Фаҳмондам, ки ин яроқи тавонои Ҳукумат буд ва хоҳад монд. Матбуот як мактабест, ки аз дигар навъи воситаҳои ахбори омма ба куллӣ фарқ мекунад”.
Сармуҳаррири имрӯзаи рӯзнома Носирҷон Маъмурзода шумораи идонаи 90-саҳифагии рӯзномаро, ки фарогири ҳаёти эҷодии гузашта ва имрӯзаи аҳли қалам аст ва китобҳои тозанашри “Эъҷози Истиқлол”, “Боргоҳи маънӣ” ва “Кишвардухт”-ро муаррифӣ кард. 
Дар охир ба фаъолони нашрия мукофоту ифтихорномаҳои соҳавию вилоятӣ тақдим шуд.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2021    №: 244    Мутолиа карданд: 2755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед