logo

фарҳанг

ДАЪВОИ ХУДОӢ ВА ҚОИЛ БА ҲУЛУЛ

Ман он Мансури Ҳаллоҷам, «ана-л-ҳақ» мезанам барҳақ,

Таги дор аст меъроҷам, «ана-л-ҳақ» мезанам барҳақ.

 
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ сабаби бар дор кардани ӯро аз он медонад, ки «ҷурмаш он буд, ки асрор ҳувайдо мекард», яъне, ошкор месохт. Ин дар суратест, ки сӯфӣ, марди ба Ҳақ расида бояд асрорро ниҳон бидорад. Дар бораи ин шахсу шахсияти таърихӣ бисёр навиштаанду гуфтаанд. Шеъру байтҳои зиёде низ иншо кардаанд. 
Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар китобаш бо номи «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» дар борааш маълумоти фаровон ҷамъ овардааст.
Чаро Ҳаллоҷ? Яъне, ин номро чӣ гуна гирифт? Муаллиф дар ин маврид қавли дигаронро бозгӯ мекунад. Аз ин рӯст, ки мақсудро чунин ифода мекунад: «Гӯянд: Ҳаллоҷ аз он рӯ Ҳаллоҷ ном гирифт, ки рози дилҳоро бидониста буд ва ҷони каломро бурун мекашид, чунон ки ҳаллоҷ ба ҳаллоҷӣ холиси пунбаро мекашид».
«Рози дилҳоро бидониста буд», яъне ӯ илми ҳол дошт. Тавре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» мегӯяд:
Мо бурунро нангарему қолро,
Мо дарунро бингарему ҳолро.
 
Табарӣ дар мавриди маънои номи ӯ меафзояд: «Ба қавле чунон буд, ки дар Восит бар дукони ҳаллоҷе менишаста буд, ҳаллоҷ ба ҳоҷате рафт ва чун бозомад, пунбаро, ки бисёр буд, ҳаллоҷӣ шуда дид ва ӯро Ҳаллоҷ номид». Яъне, ин қавлест, ки ҳамзамон каромоти Ҳаллоҷро бозгӯ менамояд.
Дар ин китоб чанд ривоятро меорад, ки ҷолибанду аз каромоташ гувоҳӣ медиҳанд, аммо масъулияти ҳақиқати онҳоро ба зиммаи худ намегирад. 
Дар мавриди Ҳаллоҷ дар он рӯзгор назарҳо гуногун буданд. Баъзе аз сӯфиён ӯро мепазируфтанд ва мегуфтанд, ки исми аъзами Худойро медонист. Баъзеи дигар на танҳо ӯро намепазируфтанд, балки изҳор медоштанд, ки фиребкоре беш нест. Аз ҷумлаи эътирофкунандагон Шиблӣ аст. Аз пурсиши ӯ пас аз буридани дасташ ин посухро меёбад: «Эй Шиблӣ, ба Худо, розе аз ӯро бармало (ошкор) накардам».
Ба пурсиши «Тасаввуф чист?» Ҳаллоҷ чунин посух додааст: - «Он чи ман дар онам. Ба Худо, ҳеҷ вақт неъматро аз балият фарқ накардам». Шиблӣ пас аз дарёфти ин посухҳо ба пурсишҳояш гуфтааст: -«Эй гурӯҳи мардум, посухи аввал барои шумост ва посухи дувум барои ман».
Ҳаллоҷ  шеър мегуфт ва овардаанд, ки ин шеърро вақте дасту пояш бурида шуд, гуфтааст:
Ба ҳурмати муҳаббате, ки рӯзгор
Дар табоҳ кардани он тамаъ наёварда буд.
Ҳангоми ҳуҷуми балия
Маро на бок буд.
На меҳнат дидам
Ҳар узву банди маро, ки буриданд,
Ёде аз шумо дар он буд.
 
Бар дори Ҳаллоҷ, гӯиё, яке аз сӯфиён навишта буд:
Мебояд синаи ту барои розҳо
Қалъае бошад нокушуданӣ.
Фақат сифлагон аз роз
Сухан мекунанду онро бармало мекунанд.
Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар китобаш чунин таълифе дорад: «Мусанниф гӯяд: Аъмолу гуфторҳо ва ашъори Ҳаллоҷ бисёр аст ва ман ахбори ӯро дар китобе овардаам, ки онро «ал-Қотеу ли маҷоли-л-лаҷҷоҷи-л-қотеъ би муҳоли-л-Ҳаллоҷ» ном додаам. Ҳар ки ахбори вайро бихоҳад, дар он бинигарад. Ин мард калимоти сӯфиёна мегуфт ва суханони накӯ, сипас, онро ба чизҳои нораво меомехт. Ашъораш низ чунин буд...
Вақте хабари вай шуюъ ёфт, ӯро гирифтанду бидоштанд ва бо вай мунозара карданд ва ҷамъеро гумроҳ кард, ки гурӯҳе аз мардуми нодон гуфтанд: «Ӯ Худост ва мурдаро зинда мекунад».
Муаллифи  китоби  мазкур,  яъне  Муҳаммад  ибни  Ҷарири Табарӣ,  ҳамчунин,  меафзояд:  «Абубакри  Сулӣ  гӯяд:  «Нахустин касе, ки ба кори Ҳаллоҷ пардохт, Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмади Росибӣ буд, ки вайро бо ғуломе аз они вай вориди Бағдод кард бар ду шутур ва онҳоро ангуштнамо кард ва ин дар рабеъ-ул-ахири соли сесаду якум (ноябри соли 913) буд. Ҳамроҳи онҳо номае навишт, ки ба назди вай шоҳиди иқомат шуда, ки Ҳаллоҷ даъвои худоӣ дорад ва қоил ба ҳулул аст».
Ҳарифоне, ки сармастанд, ба ҳаллоҷӣ камар бастанд,
Ба он маҳбуб пайвастанд, «ана-л-ҳақ» мезанам бар ҳақ.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2021    №: 245    Мутолиа карданд: 2535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед