logo

порлумон

МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ. ҚАБУЛИ СОЗИШНОМАЕ, КИ ИҚТИДОРИ НИЗОМИИ КИШВАРРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 27 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Он раванди татбиқи минбаъдаи созишнома оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 10 феврали соли 1995, ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ба танзим медарорад.

Ин нуктаро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, зимни баррасӣ ва тасдиқи созишнома дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Ӯ гуфт, ки иштирокчиёни созишномаи соли 1995 ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия буда, кишварҳои иштирокчӣ ва Россия чунин созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расондаанд. 
- Тарафҳо тибқи созишнома, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳалли вазифаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоиро таъсис медиҳанд, ки қисми таркибии системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ мебошад. Вазифаҳои асосӣ, уҳдадориҳо, принсипҳои ташкил ва истифодаи қӯшунҳои системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар замони осоишта, давраи таҳдиди бевоситаи ҳуҷуми мусаллаҳона ва дар замони ҷанг бо низомномаи алоҳида муайян мегардад, - зикр кард вазири мудофиа. 
Тибқи созишнома, идоракунии амалҳои муштаракро дар сарҳадҳои маҳалли алоҳидаи амнияти дастаҷамъӣ, яъне дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Омӯзиш, нигоҳдорӣ, истифода ва пешбурди навбатдории ҷангӣ бо техникаҳои ҳозиразамон соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ хароҷоти маблағҳои зиёдро талаб менамояд. Татбиқи созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки қувваю воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Федератсияи Россия дар таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар иштирок намуда, инчунин, кадрҳои миллӣ самти пешбурди навбатдории ҷангиро бо истифода аз техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ бе хароҷоти маблағҳои иловагӣ аз худ менамоянд. Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи мудофиаи зиддиҳавоии кишвар  аз  лиҳози  иқтисодию  молиявӣ  манфиатовар ҳисобида мешавад. 
- Бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла истифодаи васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, амалигардонии созишномаи номбурда ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад, - гуфт Шералӣ Мирзо.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2021    №: 245    Мутолиа карданд: 5471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед