logo

илм

САДОҚАТ БА ИЛМ

Файзулло Амиршоев баъди хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ пайи пажӯҳиш шуд. Ӯ хуб медонист, ки илм заҳмати пайвастаро мехоҳад. Бахусус, пажӯҳиш дар бахши илмҳои биология ва физиология. Муҳаққиқ дигар ҳастии хешро бе тадқиқоти худ тасаввур карда наметавонист. Баъдан, таҳсилро ба ҳайси аспиранти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорво идома дод. Соли 2000-ум рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.

Ф. Амиршоев ҳамчун олими ҷавон соли 2009 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи стипендияи «Дурахшандагон» шомили докторантураи Институти илмӣ-тадқиқотии умумирусиягии чорводорӣ шуд. Мавзуи рисолаи докториаш «Самтҳои биологии мукаммалгардонии чорвои калони шохдор дар шароити Тоҷикистон» зуд диққати олимони русро ба худ ҷалб намуд. Мушоҳидаҳои чандинсола ва натиҷаи корҳои илмии муҳаққиқи ҷавон перомуни пешрафти соҳаи чорводорӣ, генетика ва физиология дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор оварданд. Хулосаҳои вай атрофи базаи мустаҳками хӯроки чорво, баланд бардоштани иқтидори ирсии он ва омилҳои муҳими истифодабарии ғизо ҳангоми парвариши чорвои ширдеҳ боиси баланд бардоштани маҳсулнокии чорво гардиданд.
Маҳорату истеъдод ва шавқи беандозааш ба касби интихобнамудааш буд, ки Амиршоев докторантураро соли 2012 бомуваффақият хатм  намуда, худи  ҳамон  сол дар шаҳри Маскав рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Баъди ба Тоҷикистон баргаштан ӯро аввал мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва, сипас, декани факултети зооинженерии ҳамин донишгоҳ таъин карданд. Файзулло Амиршоев дар ин давра аз худ қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ нишон дода, роҳҳои самарабахши тарбияи олимони чавону донишҷӯёнро дар факулта ба роҳ монд. Бо иқдоми ӯ дар миёни ҷавонон корҳои пажӯҳишӣ ранги тоза гирифт. Акнун худи унвонҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, натиҷаи мушоҳидаи худро дар шакли мақолаҳои алоҳида дар маҷаллаи таъсисдодаи донишгоҳ ба нашр мерасонданд. Моҳи июни соли 2015 Файзулло Амиршоевро чун олими навовару кордон директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин намуданд. 
Дар давраи роҳбарии худ Ф. Амиршоев намунаи  баланди  кордонӣ ва роҳбарӣ нишон дода, ба рушди соҳаи чорводорӣ ва раванди корҳои илмӣ диққати хосса медод. Соҳаи чорводорӣ тули ин солҳо рушд карда, ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфт.
Олимони Институт перомуни усулҳои назариявию амалии офаридани зотҳои сермаҳсули чорво, зотҳои ширдеҳ, технологияи хӯроки чорво, биотехнология, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ҳолати чарогоҳҳо корҳои пажӯҳишӣ анҷом доданд. Файзулло Амиршоев чун роҳбари Институт пайваста аз пайи омӯзишу дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои олимон мегашт. 
Доктори илми биология Файзулло Амиршоев дар рушди соҳа қабули Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020-ро муҳим арзёбӣ менамояд.  
Фаъолияти пурсамари   Файзулло Амиршоев буд, ки ӯро чун роҳбари кордон ва олими ҷӯянда соли 2020 ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Имрӯзҳо профессор Файзулло Амиршоев дар ҳамдастӣ бо олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти хушзоткунии чорво, парандапарварӣ, боғдорию моҳипарварӣ  ва дигар соҳаҳои муҳими кишоварзӣ корҳои селексиониро ба роҳ мондаанд. Дар ин самт гузарондани санҷиши чорвои сермаҳсул аз рӯи сифату насл ва ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамон албатта ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ мусоидат менамояд. 
Ф. Амиршоев сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои олимони соҳаро аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. Сарвари давлат дар мулоқот бо олимону кишоварзони ватанӣ борҳо таъкид намудаанд, ки дар афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд мутахассисони соҳа бештар ҳиссагузор бошанд.  
Таҳсил ва ҳамкориҳои баъдӣ дар раванди фаъолияти илмии ӯ тағйироти куллӣ ба амал овард. Дар давоми таҳсил ба технологияи муосири ҷаҳонӣ шинос шуда, ҳоло ҳамроҳ бо олимони дигар аз рӯйи ташхис ва технологияи омӯзиши КДН (ДНК), ва хусусиятҳои генетикию физиологии чорво корҳои илмӣ бурда истодааст.
Ӯ аълочии маориф ва илми Тоҷикистон буда, муаллифи 112 кори илмӣ, аз ҷумла  2 монография, 8 китоби дарсӣ, 12 дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 90 мақолаи илмӣ, 1 патент буда, таҳти роҳбарии ӯ 8 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 нафар ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Ду нафар унвонҷӯйи ӯ дар арафаи ҳимоя қарор дорад. 
 
Маҷид САЛИМ, адиб, барандаи 
Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2021    №: 245    Мутолиа карданд: 6258
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед