logo

иҷтимоиёт

ФАРҚ КАРДАНИ ХУБ АЗ БАД НИШОНИ ИМОНДОРИСТ

Ҳарчанд мо аз ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дур мешавем, ҳамон қадар навгониҳое, омилҳое, пешравиҳое, ободкориҳову созандагиҳое пеши рӯ меоянд, ки аз ояндаи дурахшону тобони ин халқу ин диёр навид дода, обрӯ, манзалату иззатмандӣ, арҷмандии кишвари моро, алалхусус, Сарвари хирадманду арҷманд, ғамхор, созандаву ободкор, содиқу вафодор, раиятпарвару фаррухпай, чеҳраи намоёни сиёсати умумибашарӣ, Пешвои эътирофшудаи башарият дар асри ХХI, мусулмони ангуштшумори олами ислом, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҷаҳониён аз таҷрибааш пайравӣ кардаанд ва карда истодаанд, бунёдгузори неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, нақбҳо, пулҳо, роҳҳо, фурудгоҳҳо, дабистону бемористонҳои бешумор, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо, қасрҳои фарҳангу варзиш, боғҳои истироҳативу мевадиҳанда, бунёдкунандаи беҳтарин хиёбону гулгаштҳо, нақбҳои обгузару каналҳо, пуштибони бовафову беҳамтои ятимону маъюбон ва пиронсолонро боло мебарад. Бешак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бандаи муқарраби Холиқи якто асту дӯстдори халқи Тоҷикистон. Ӯ бо мардум  аст ва мардум бо ӯ. Корҳоеро сомон дод, ки таърихи ин мулк  назирашро ёд надорад. Ҳамаи ин ободкориҳои бемисл дар пеши назари мо сурат гирифтанд.  Зикри ин дастовардҳо аз доираи васф берун аст. Танҳо як ваҳдати саросарии миллӣ кори хайрест, ки баҳояшро мардуми дилогоҳу худохоҳи тоҷик медонад. Савоби ин ваҳдатро ҷуз Худо каси дигаре ҳисоб карда наметавонад. Ин неъмати бузургест, ки Худованди оламиён тавассути бандаи боэътимодаш Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ҳадия намудааст. Боқӣ ба ин музаффариятҳо, пешравиҳо баҳо доданро ба виҷдону имони ҳар як сокини мамлакат ҳавола мекунем. Халқи тоҷик бо сарварии Президенти кишвар дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ватансозӣ, давлатдорӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон бамаротиб обод шуда, либоси наву шинам ба бар карданд.
Ин ҳама дастовардҳо шоҳиданд, ки халқи Тоҷикистон Сарвари худро дӯст медорад ва сарварашон халқро ва ин як ҳақиқати бебаҳс аст.  Президенти  мо - Эмомалӣ  Раҳмон  ваҳдати  миллӣ,  дӯстии  халқҳои  кишвар  ва  якпорчагии  давлати  тоҷиконро  поянда  гардонд  ва  созандагиро шиор  намуд. 
 
Абдуллоҳ БОБОЗОДА 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2021    №: 245    Мутолиа карданд: 1563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед