фарҳанг
«АЗ МУҲАББАТ ГУФТУГӮ ДОРЕМ МО». АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ ОЗМУНҲОИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Дар ин чанд соли охир озмунҳои баргузорнамудаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо дар боло бурдани ҳисси худшиносӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва шахсиятҳои ҷоннисори мамлакат, бешак, саҳми арзандаву чашмрас гузошт. Яъне, рӯзнома рисолати таърихии худро бо сарбаландӣ иҷро кард ва ба ин васила, ҳамзамон, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ корҳои мондагорро ба анҷом расонд.
Аз номаҳои шаҳрвандон бармеомад, ки бо мутолиаи матлабҳои таҳлиливу хонданӣ ва ҷолиб ба ҳаёту корнамоиҳои қаҳрамонони Тоҷикистон бештар аз пештар ошно гардиданд. Ҳамчунин, пешниҳод намуданд, ки ин матолиб дар шакли китобҳои алоҳида бо теъдоди зиёд ба табъ расанд ва дастрасашон шаванд.
Ҳар кадом аз ин қаҳрамонҳо дар замону даврони муайяну пурошӯб зистанду барои ҳифзи миллату давлат, арзишҳои миллӣ, фарҳанги пурғановати он сина сипар кардаанд. Бархе аз онҳо дар ин роҳ ҷон доданд, аммо аз иҷрои мақсади бузургашон даст накашиданд. Медонистанд, ки агар онҳо дар ин ҷода қурбон нашаванд, миллаташон ва давлаташон маҳв мегардаду аз миён меравад. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур намунаи олии он маҳсуб мешаванд. Бо марг ҳаёти дигар ёфтанд. Устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода донишу таҷрибаву ҷасораташонро сарфи ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муаррифии дурусту беҳтари он дар арсаи олам карданд. Аллома Бобоҷон Ғафуров бо таълифи асари оламшумулу мондагори «Тоҷикон» ин миллати куҳанбунёду фарҳангпарварро ба ҷаҳон бештару беҳтар ошно сохт.
Таҳқиқу баррасии ин мавзуъҳо, албатта, кори осон набуду нест. Барои он олимон, мутахассисон, дӯстони қаҳрамонҳо, шоҳидони воқеаҳо, адибону рӯзноманигорони варзида ҷалб гардиданд.
Қимати ин озмунҳо боз дар он аст, ки дар ин рӯзгор фарзандон, наберагону наздикону пайвандони қаҳрамонони мамлакат зиндаанд. Агар озмунҳои мазкур дар солҳои баъдӣ баргузор мешуд, қисме аз шоҳидони ҳодисоти он солҳо шояд ҷисман дар миёни мо намебуданд ва аксар саҳифаҳои таърих норӯшан мемонд.
Бисёр хубу хотирмон буд, ки ҷамъбасти озмунҳо дар сатҳи баланд дар зодгоҳи ин қаҳрамонон сурат гирифтанд. Чунин як таҷрибаи неку ибратомӯзро рӯзнома ҳеҷ гоҳ ёд надорад. Яъне, ин амал барои рӯзнома тамоман нав буд. Шиносоӣ бо зодгоҳ, хонаҳо, осорхонаҳо ва пайвандони қаҳрамонҳои Тоҷикистон як нав дарси хештаншиносӣ буд. Баъзе аз ин озмунҳо, ки ҷумҳуриявӣ буданд, ба озмунҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд. Муаллифон аз хориҷи кишвар ҳам матолиби ҷолибу хонданӣ ирсол менамуданд ва вижагиҳои ин қаҳрамононро бо меҳру муҳаббату самимият бозгӯ мекарданд. Инчунин, дар ҷамъбасти онҳо, новобаста аз дурии роҳ, ширкат меварзиданд ва бо хотираҳои нек бармегаштанд.
Охирон эълони озмуни навбатӣ дар соли равон бо номи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» муаллифони зиёди касбу кори гуногунро ҷалб кард. Инчунин, водор сохт, ки аз хориҷи кишвар низ бо забони модарии худ матолиби арзишманд таълиф бикунанду бифиристанд. Ин амали нек мову хонандагонро шоду руҳбаланд намуд ва бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо маъруф ҳасту маҳбубият дорад.
Навиштанд, эътироф карданд, ки дигар зикри шумораи дастовардҳои бузург дар замони сарварии Пешвои миллат берун аз доираи имкони онҳо аст.
Дар як муддати кӯтоҳ ворид шудани 300 матлаб дар бораи Пешвои муаззам гувоҳ аз маҳбубияташ дар байни мардуми кишвар ва берун аз он мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, шахсияти таърихӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва наҷотдиҳандаи ин миллату давлат аст. Ҳанӯз аз хотирҳо нарафта, ки давлату миллат дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Танҳо ӯ дар он рӯзгори бас вазнин тамоми масъулиятро барои раҳонидани онҳо бо хиради азалӣ, матонату ҷасорат ва ҷоннисорӣ ба уҳда гирифт. Ҳолиё ёдоварӣ аз гузашта ва сухан гуфтан аз он лаҳзаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ осон ба назар мерасад. Аммо ҳар нафаре, ки ин ҷанг ва худфидоии ӯро дидааст, ба хубӣ медонаду дарк карда метавонад, ки чи қаҳрамониеро Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ нишон дод.
Соли 1992 дар таърихи миллати мо аз мудҳиштарин солҳо маҳсуб мешавад. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз аланга мегирифт. Хомӯш намудани он на танҳо ба ҳеҷ кас даст намедод, балки дар тасаввур ҳам намеғунҷид ва амале иҷро ношуданӣ маънидод мегардид.
Ҳанӯз ҳам фирори ҳамватанон дар он рӯзгор пеши назарҳост. Дар ғурбат низ ин фирориён аз неъмати осудагӣ баҳравар набуданд. Марг ба ҳар соат, ба ҳар лаҳза ба ҷони одамон таҳдид мекард. Аз ҷумла, дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон мазори ғарибон ба вуҷуд омад.
Гуруснагӣ, бенонӣ аз сӯи дигар таҳдид менамуд, умедҳоро барои расидан ба рӯзҳои нек барбод медод.
Ба ҳар рӯз даҳшат меафзуд. Давлатдорон дар он замон заъфу нотавониашонро дар сарварӣ, иҷрои вазифаҳояшон ва хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар ҳис карданд ва худро барканор гирифтанд. Мулк ва мардум бе сарвар, бе раҳнамо монд. Дар ин гуна шароит нафаре бояд сарвар интихоб мешуд, ки оташи ҷангро хомӯш намуда, гурезаҳоро баргардонда, даҳшату гуруснагиро аз миён бурда, ҷонибҳои даргирро бо ҳам, барои сулҳу оштӣ ҷамъ оварда ва мулкро обод сохта метавонист. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ин гуна шахсро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диданд ва бори ин масъулияти бузургро бар дӯшаш гузоштанд. Дар ҳақиқат, ӯ ягона нафаре буд, ки дарду мушкилоти мардумро ҳамчун вакил бештар чун дарду мушкилоти худ меҳисобид ва барои ҳаллу рафъашон бо ҷасорат ва далелҳои муътамад сухан мегуфт ва пешниҳодҳои ҷолиб менамуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шаҳрванди асили кишвар, намояндаи миллати мутамаддин, албатта, наметавонист, ин пешниҳодро дар рӯзҳои бас душвори миллаташ напазирад. Аз нахустин суханрониҳо, пешниҳодҳо, ташаббусҳо халқ дарёфт, ки Худованд, воқеан, роҳбару сарвари шоистаеро барояшон ато кардааст.
Сарвари тозаинтихоби давлат дар он рӯзгори зулмонӣ на танҳо ояндаи дурахшони миллатро дид, балки онро сохт, бунёд намуд. Сулҳу ваҳдатро барқарору пойдор сохт. Гурезаҳоро баргардонд, мулкро ободу зебо намуд. Миллату давлатро аз вартаи ҳалокат раҳонид ва шуҳраи олам гардонд.
17 ноябри соли равон чорабинии ҷамъбастии ин озмун дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон, ноҳияи Данғара баргузор шуд. Пеш аз ин, дар қисмати саҳар ғолибон, меҳмонон, иштирокчиён ва масъулони озмунро дар сатҳи баланд дар шаҳри Норак пазироӣ намуданд.
Ҷамъбасти озмун ба як ҷашн, ҷашни хотирмон табдил ёфт. Мардум онро чун ҷашни худ, ҷашни сулҳ, истиқлол ва дастовардҳои бузург қабул карданд. Суханҳо, посдориҳо – ҳама самимӣ буданд. Бо Сарвари асилу шоиста ифтихор доштанд. Таманно карданд, ки ба бахти миллату давлат ҳамеша тандурусту устувор бошад ва ба дастовардҳои бештару бузургтар бо ҳидояту раҳнамоии сарварияш насибамон гардад.
Дар ин рӯз китоби зебову пурмуҳтавои ба нашррасондаи идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо номи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» рӯнамову муаррифӣ гардид. Дар китоб 30 матлаби беҳтарини озмунӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст. Ҳар кадоме аз ин матолиб бозгӯи ҳақиқати таърихӣ, хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, ҷамъбасти озмун бори дигар собит сохт, ки муҳаббату самимияти мардум ба Сарвари давлат рӯз ба рӯз дар ҳоли афзудану болоравӣ аст. Инчунин, дигар ҳеҷ неруе вуҷуд надорад, ки ин муҳаббату самимиятро аз миён бибарад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2021 №: 245 Мутолиа карданд: 2627