logo

сиёсат

ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ ФАЪОЛ БОШЕМ!

Бардошт аз ҷаласаи муштараки ҷомеасоз
Маҳз бо дарки ҳамин воқеият ва хиради азаливу тадбирандешии хусравона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар (26.01.2021) диққати хурду бузурги кишварро ба ин нукта ҷалб намуданд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Таъкид гардид, ки ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.
 
Дар  доираи ҳамин дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар 27.11.2021 ҷаласаи машваратӣ дар мавзӯи “Фазои иттилоотӣ, ҳимояи амнияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, яъне аҳли зиёи кишвар, баргузор гардид.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ С. С. Ятимов зимни суханронии пурмуҳтавои хеш бо таҳлили мушаххасу пурдалели авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳозирон даъват ба амал оварданд, ки дар тарғиби ғояҳои миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва таҳкими амнияти иттилоотии кишвар бештар фаъол бошанд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз азал дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, аз гароиш ба фарҳанги бегона ҳамеша худдорӣ кардааст. Масъалаи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозад, ки дар таҳкими давлату давлатдорӣ ва таъсири омилҳои геопалитикӣ ҳушёру зирак бошем. Имрӯзҳо истифодаи эътиқодоти динӣ дар бозиҳои геопалитикӣ бисёр ба чашм мерасад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд дар тарбияи ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундгарои террористию экстремистӣ талоши бештар намоем. Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ касе, ки сармоядор аст, тавоно аст; касе, ки тавоно аст, “ҳақтарош” аст ва абарқудратҳо фазои сиёсии ҷаҳонро назорат мекунанд. Пас, моро лозим аст, ки дар замири шаҳрвандони кишвар, хосса наврасону ҷавонон – фарзандони азизамон, ки ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд, мафҳумҳои илму дониш, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагиро ташаккул диҳем, то бар моҳияту аҳамияти истиқлолу ваҳдати миллӣ дуруст сарфаҳм рафта тавонанд. Моро мебояд дар ин марҳилаи рушди давлатдориамон миллатмеҳвар ва давлатмеҳвар бошем, яъне, ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон фаъолияти созандаву огоҳона дошта бошем. Зери таассуби динӣ мондани баъзан омӯзгорон, кормандони мақомотҳои иҷроия, фаъолони ҷомеа аз он далолат мекунад, ки ҳоло ҳам зиёиёни мо то андозае хомӯшанд, мавқеи устувори миллӣ надоранд, рақобатпазир нестанд, ва низ бетарафанд.
Масъалаи худогоҳии миллӣ ва нақши он дар пойдории миллату давлат дар мақолаи муҳтарам С.С. Ятимов таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат» [Ҷумҳурият, 21.04.2021. №79 (24 186).-С.3] бисёр хуб шарҳу тавзеҳ ёфтааст: «Масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ – масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад. Таҷрибаи сиёсии ду садсолаи ахир инро бори дигар тасдиқ кард».
Боиси таассуф аст, ки гурӯҳҳои тундгаро аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, ду гурӯҳ ҷавононро бо ваъдаи пулу моли ҳангуфт ва фатвои он, ки гӯё бо амалҳои зишташон дохили «ҷаннат» мешаванд, ба худ ҷалб намуда, ҳадафҳои муғризонаи худро пиёда месозанд:
- ҷавонони гумроҳу камсавод ва онҳое, ки фарҳанги пасти динӣ доранд (барои зулму ситам ва қатлу кушторҳои бераҳмона);
- ҷавонони босаводу ҳушманд ва қобилиятноку соҳибтахассус (барои тарғиби идеологияи муғризонаашон миёни мардум).
Афроди тундгаро номи поки дини исломро доғдор месозанду халос. Дини ислом шиканҷа ва куштори одамони бегуноҳро сахт маҳкум месозад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора иброз доштаанд: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва экстремизм, мебошад».
Дар ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ низ дар радифи дигар ҷанбаҳои амният мақоми махсусеро ишғол намуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои шадиди геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро зарур аст, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд.
Амнияти иттилоотӣ – масъалаи ҳимояи имиҷи сиёсӣ ва байналмилалии давлат мебошад, зеро яке аз воситаҳои муаррифии комёбиҳо ва муваффақиятҳои давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз шабакаҳои иттилоотӣ мебошанд.
Амнияти иттилоотии Тоҷикистон яке аз қисмҳои таркибии амнияти миллии мамлакат буда, ба ҳифзи манфиатҳои миллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсир мерасонад.
Дар марҳилаи кунунӣ маводҳои паҳнкунандаи душманони миллат гувоҳи он аст, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба аркони давлатдории миллӣ ва тафриқаандозӣ миёни афроди кишвар чизи дигаре беш нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Зери шиорҳои бофтаву хаёлҳои фирефтаи таълимоти гӯё «динӣ» ба амалҳои низоангезӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро ба унвонҳои «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ», «ҷиҳод» талқин мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои хоҷагон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Мушкилтарин ҷабҳаи мубориза дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлолу пуриқтидор, пешрафтаву мутараққӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоид барои инкишофи озодонаи шаҳрвандон ин мубориза алайҳи хоинон – парвардагони носипосу намакношиноси худист, ки фирефтаи бозиҳои сиёсии манфиатдорону муғризон гашта, тамоми арзишҳои волои инсонӣ, ҳиммати ҷавонмардӣ, нангу номус ва қарзи ватандориву шарафи зиндагии шоиставу сарбаландонаро пушти сар гузошта, даст ба амалҳои зишту харобиовар ва аксаран ҷуброннопазир мезананд. Хиёнат ба Ватан, ки модари хиёнатҳост, аз бадтарин оинест, ки афроди аз тамоми арзишҳои инсонӣ дуру орӣ пайрави он мегарданд. Афроди хиёнатпеша ҳамеша дар замири хеш, ки маконе ҷуз сиёҳӣ ва разолату нокасӣ нест, хислатҳое чун ҳасад, сӯистифода, ноҷавонмардӣ, дурӣ аз нангу номус ва фиребу дурӯягиро мепарваранд.
Хушбахтона, ҷавонони насли истиқлол, ки зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба воя расидаанд, атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дар муҳорибаҳои иттилоотӣ дасти боло доранд: бар тамоми иддаову буҳтонзаниҳои бадхоҳону камназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои сазовору пурдалел дода, ба гунае “ба даҳони нопоки эшон мушти адолату ростӣ ва ваҳдату якдилӣ” мезананд. Ин ҳама далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад, ки, албатта, бо назардошти чолишҳои пайвастаи авзои сиёсии ҷаҳон, бояд такмил дода шавад.
Ҳамзамон, боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонон аз сабаби камсаводӣ, ҷаҳонбинии маҳдуду заъфи сиёсӣ ба доми навкарони шайтон, аъзои гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд. Гирифтани пеши роҳи чунин кирдорҳо кафолати устувории пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буда, хосса аз мо - аҳли зиё масъулияти баландро тақозо мекунад, то дар ташаккули хештаншиносии ҷавонон саҳмгузор бошем.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо барои ҳар фарди бедордили ҷомеа қарз, масъулият, ифтихор аз давлату миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва талошу заҳмати фидокорона баҳри рушди тадриҷии кишвар, ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги ғании давлатдорӣ буда, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтааст, аммо фарзандонаш баҳри пос доштани таъриху фарҳанг, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҷонбозиҳо намудаанд. 
Мо аҳли илму маориф, зиёиёни кишвар, қишри калонсол ва кулли ҷомеаи шаҳрвандиро, ки шоҳиди бевоситаи рӯзҳои парешониву ҳузнангез, яъсу ноумедӣ, ҷангу ҷидол, харобкориву мардумозорӣ будем, зарур аст, ки ба тарбияи худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тарбия намуда, кафолати пойдории давлатдории миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва ояндаи дурахшони давлати ҷавону баъд аз ҳасорсолаҳо муяссаршудаи хешро таъмин намоем.
 
МИРАЛИЗОДА Абдусалом Мустафо,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи А. Рӯдакӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2021    №: 245    Мутолиа карданд: 1152
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед