logo

иҷтимоиёт

СОҲИБГАВҲАР

Усмон Маҳмадёрзода соли 1991 факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намудааст. Ба аспирантура пешбарӣ шуда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Маҳсулнокии нисбии зироатҳои ғалладона ва лӯбиёдона дар кишти ангорӣ вобаста ба меъёри нуридиҳӣ дар шароити водии Ҳисор» ва соли 2007 рисолаи докториро дар мавзуи «Илман асоснок намудани технологияи парвариши зироатҳои ғалладона ва лӯбиёдона дар кишти ангорӣ дар шароити заминҳои обёришавандаи Тоҷикистони марказӣ» дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои кишоварзӣ гардид.  Соли 2012 бо қарори Комиссияи олии аттестасионии Федератсияи Россия ба ӯ унвони профессорӣ дода шуд.
Таҳқиқоти илмии устод ба масъалаҳои ҳалталаби илму амалияи истеҳсолоти муосири кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, самаранок истифода намудани заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ бо роҳи гирифтани ду ҳосил аз зироатҳои ғалладонаю равғанӣ ва такмили усулҳои парвариши зироатҳои кишоварзӣ бахшида шудааст. Дар тарҳрезиҳои илмиаш масъалаи зиёд кардани истеҳсоли ғалладона ва бо ин васила таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизоӣ  мавриди тадқиқ қарор дода шудааст, ки аз иқтидори зеҳнию эҷодии ӯ шаҳодат медиҳанд. Дар шароити водиҳои Вахшу Ҳисор ва минтақаи Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон (ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон), ки барои рӯёндани гандум бештар мувофиқ аст, мавриди пажӯҳиши номбурда қарор дорад. Маводи чопкардааш дар шакли монография, мақолаҳои илмӣ, тавсиянома, китобу дастурҳо далели пажӯҳиши натиҷабахши ӯст. 
Ба профессор Усмон Маҳмадёрзода муяссар гардид, ки дар ҷумҳурӣ усулҳои парвариши зироатҳои ғалладона, лӯбиёӣ ва равғаниро дар кишти ангорӣ бо гирифтани ду ҳосили дон аз як гектар ба роҳ монда, дар ҳалли ҳадафи муҳими  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо гузорад. Дар рафти тадқиқоти илмии худ ба масъалаи бисёр муҳими соҳаи рустанипарварӣ - самаранок истифода намудани заминҳои обёришванда дар нимаи дуюми тобистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои кишти такрорӣ (хусусан, ангорӣ) навъи зироатҳои гуногуни кишоварзиро интихоб ва усулҳои парвариши онҳоро такмил дод, ки барои ба даст овардани ҳосили иловагии маҳсулоти кишоварзӣ (аз як гектар то 6,5-7,0 тонна дони шолӣ; 2,5 - 3 тонна дони лӯбиёи чинӣ ва 2,0 - 2,2 тонна дони мош дар як сол) мусоидат намуданд. Ҳамзамон, бо натиҷагирии таҷрибаҳои илмӣ ӯ дар шароити ҷумҳурӣ бори аввал аз ҷиҳати илмӣ усули бо ниҳол парвариш намудани зироати шолиро асоснок ва дар истеҳсолот ҷорӣ карда, бо омӯзиши реҷаи обмонии фосилавӣ масрафи обмонии зироатро  ду маротиба кам кард. 
Ӯ олими сермаҳсул буда, аз рӯйи натиҷаи пажӯҳиш 235 маводи илмӣ, аз ҷумла 8 китоби дарсӣ, 32 дастури таълимию методӣ, 2 монография, 17 тавсиянома ва 176 мақолаи илмиро чоп ва мавриди истифода қарор дод. Соли 2020 соҳиби нахустпатент оид ба «Тарзи коркарди хӯрокҳои дурушт» (шаҳодатномаи муааллифӣ № ТJ1126) гашт. Бо роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ҳоло роҳбари 2 доктор PhD аз рӯйи ихтисос ва 3 унвонҷӯ мебошад.
Фаъолияти самарабахшашро дар раванди таълиму тарбия ба инобат гирифта, ӯро соли 2013 муовини ректор оид ба таълим таъин карданд. Дар ин давра дар раванди мукаммалгардонӣ ва ҷоришавии низомҳои нав дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъол буд.
Соли 2020 ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин шуд. Дар давраи роҳбарии ӯ донишгоҳ аъзои ташкилоти QS гашт, ихтисоси зинаи магистратураи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз тарафи ширкати аврупоии “Акквин”-ро гузашт, ихтисосҳои нав, ба мисли дендрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ ҷорӣ шуд. 
Усмон Маҳмадёрзода дар  рушди таҳсилоти олии касбӣ, илми кишоварзӣ саҳмгузор мебошад.  Дар солҳои фаъолияташ ба  ҳайси аъзои раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишро баҳри такмилу тақвияти раванди омодасозии рисолаҳои илмӣ равона кард. Ӯ айни замон раиси Шурои диссертатсионии 6D KOA-015, узви Шурои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви гурӯҳи экспертии лоиҳаҳои илмии фармоишии АМИТ, узви Шурои ректорони донишгоҳҳои пешоҳанги аграрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Хизматҳои профессор Усмон Маҳмадёрзода бо медали “Хизмати шоиста” қадр гардидааст.
26 ноябри соли 2021 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» эълони раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар интихоботи аъзои вобастаи АИКТ интишор шуд. Мо ин ва дигар хидматҳои доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмурро ҳамчун довталаб ба ихтисоси технологияи истеҳсоли маҳсулоти ғалладона ба пайвастан ба узвияти вобастаи АИКТ пешбарӣ мекунем.
 
С. М. ГУЛОВ, узви вобастаи АМИТ,
М. Н. САРДОРОВ, узви вобастаи АИКТ,
Т. А. АХМЕДОВ академики АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2021    №: 246    Мутолиа карданд: 1730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед