logo

иҷтимоиёт

ВАО. ТАДҚИҚОТ БЕҲТАРИНҲОРО МУАЙЯН МЕКУНАД

Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинон оғоз шуд.
Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Дар натиҷаи он маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд, кадом радиоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро  мехонанд.
Чи тавре Набӣ Юсуфов, директори ТҶ “Машварати расонавӣ”, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”  хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, тадқиқот, инчунин, интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расондани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ - сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ  муайян хоҳад кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дувум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян сохтани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронда шудаанд, ёрӣ расонад. 
Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” аст, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” роҳандозӣ мегардад. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронда мешавад. Боиси зикр аст, ки солҳои 2018 - 2019 рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар байни расонаҳо ҷойи аввалро ишғол кард. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2021    №: 246    Мутолиа карданд: 1739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед