фарҳанг
«ҶУМҲУРИЯТ» - МИНБАРИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ
Суҳбати мизи гирд дар атрофи озмунҳои «Ҷумҳурият»
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанде пеш озмуни навбатиашро бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чамъбаст кард. Ин сеюмин озмуне мебошад, ки «Ҷумҳурият» дар доираи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ доир намуд. Қаблан ҳам, яъне солҳои пешин, рӯзнома ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ ва ҳам гиромидошти хидматҳои мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон озмунҳои созанда доир намуда буд. Ҳадаф аз суҳбати имрӯза бардошти натиҷа аз озмунҳои доирнамудаи рӯзнома ва аҳамияти онҳо мебошад.
Дар ин суҳбат чанде аз ғолибону ҷоизадорони озмуни «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», дар мисоли Кароматулло Олимов, академики Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷонибеки Асрориён, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, ҳузур доранд.
«Ҷумҳурият»: Устодони гиромиқадр, шумо аз иштирокчиёни фаъоли озмунҳои рӯзнома ҳастед. Чӣ бардошти умумӣ доред аз озмунҳо ва, умуман, нақши онҳоро чӣ гуна арзёбӣ намудаед?
Кароматулло ОЛИМОВ: Озмунҳое, ки «Ҷумҳурият» мегузаронад, як навъ муаррифгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвари мо мебошанд ва аз ин ҷиҳат анъанаи хуб ба шумор мераванд. Дар озмуни навбатӣ - «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», ки рӯзнома якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир намуд, ҷолиби диққат он буд, ки аввалан, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, дигар ин, ки рӯзнома пешсафиро аз даст надода, дар ин бора матлабҳои зиёдеро ба нашр расонд. Ин муддат дар саҳифаҳои рӯзнома аз зовияҳои гуногун аз ҷумла, матлабҳое низ нашр шуданд, ки дастовардҳои ҷумҳурии азизи моро дар соҳаҳои мухталиф, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, муаррифӣ намуданд.
«Ҷумҳурият»: Яке аз зарфиятҳои озмуни навбатӣ ин аст, ки маҳсули қалами ширкаткунандагонро дар шакли китоб омода сохт ва устод Кароматулло Олимов онро, қабл аз оғози маросими ҷамъбасти озмун, дар ноҳияи Данғара рӯнамоӣ намуд.
Кароматулло ОЛИМОВ: Китобе, ки дар доираи озмун таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ба нашр расид, як навъ рамзӣ аст. 30 мақолаи беҳтарине, ки дар саҳифаҳои рӯзнома ба чашм расид, дар ҳамин китоб ҷамъоварӣ шудааст. Ҷиҳати хуби китоб дар он арзёбӣ мегардад, ки бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расида. Хати меҳварии китоб ва мақолаҳои он хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлату миллат аз парокандагиву нобудӣ мебошад. Ҳарчанд моро сӣ сол аз он рӯзҳои мудҳиш ҷудо мекунад, аммо имрӯз насли ҷавони 20 - 25 - сола он рӯзҳоро дар хотир надорад. Мушкилиҳои вазнине, ки мардум солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронданд дар саҳифаҳои китоби мазкур ба назар мерасад ва аз мутолиаи он хонанда, хусусан насли ҷавон, аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин муддат ҳамчун Пешвои умумимиллӣ ташаккул ёфта, барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшишҳои ҷоннисорона намудаанд, огоҳ мегарданд.
Камол НАСРУЛЛО: Вақте ин китобро мехонед, воқеан, мебинед, ки дар шинохти симои Пешвои миллат, дар муайян кардани паҳлуҳо ва рангҳои нави симои сиёсиву инсонии Президент андешаҳои нав пайдо шудааст. Дар китоб мақолаҳое ҳастанд, ки паҳлуҳои тозаи фаъолияти мондагори Пешвои миллати моро таҷассум мекунанд. Ин, ба фикрам, яке аз дастовардҳои муҳими озмуни навбатӣ аст.
Абдулҳамид САМАД: Он чи, ки то имрӯз дар доираи озмунҳо ва дар ин китоб чоп шудааст, омӯзанда мебошанд, на танҳо барои ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият», балки барои ҳамаи онҳое, ки сари андешаи миллӣ фаъолият доранд. Омӯзанда ба он хотир, ки ҳам фаъолияти Сарвари давлати моро ҳамчун як падидаи нав дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI бозтоб менамоянд ва ҳам равшан нишон медиҳанд, ки мо аз куҷо шуруъ кардем ва то куҷо расидем. Умуман, озмунҳое, ки «Ҷумҳурият» баргузор намуд, як навъ пайванди қавии андеша миёни хонанда ва муаллифони рӯзномаро ба вуҷуд меорад. Андеша дар он, ки ҳам гузаштаро ба ёд меорем ва ҳам ояндаро пеши назар, ки минбаъд чӣ кор бояд кунем. Сафарҳое, ки рӯзнома тавассути озмунҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон анҷом медиҳад, ин дар робитаи байни рӯзноманигорон ва хонандагони манотиқи гуногуни кишвар падидаи тоза мебошад. Дар доираи озмун ба хотири гиромидошти Каҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур як ҳайати калон ба Бадахшон сафар намуда, аз хона-музейи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар Поршнев ҳифз мешавад, зиёрат намуданд. Озмун бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ (соли 2017) ва ё ба хотири гиромидошт ва 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав, озмун бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров (соли 2018) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тантана таҷлил ёфтанд, ки ин кори нек ва ҳам бисёр муҳим мебошад. Дар ҳақиқат, зодгоҳи қаҳрамононамон бояд қадамҷойи мо бошанд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки он ҷизе «Ҷумҳурият» мекунад, ангезандаи андешаи миллии мост. Мегӯянд: нигоҳ ба гузшта ин роҳ кушодан ба оянда аст. Гумон мекунам озмунҳое, ки ҳайати пурқувват ва пурмасъулияти рӯзнома баргузор намуданд, барои имрӯзу фардои мо маводи хуб медиҳад. Хосса, барои худшиносӣ, ватандӯстӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ.
«Ҷумҳурият»: Қаҳрамонони Тоҷикистон барои пойдории ин Ватану миллат ва ҳифзи забону фарҳанги он хидматҳои мондагор анҷом додаанд. Бобоҷон Ғафуров бо иншои китоби «Тоҷикон» тамаддунофар будани миллати тоҷикро собит намуду устод Садриддин Айнӣ аз забону фарҳангаш ҳимоят кард. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар роҳи ҳастии миллат, бунёди давлати миллии тоҷикон ҷон доданд. Мирзо Турсунзода чун сиёсатмадори оламшумул фарҳангу ҳунари тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно намуд. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи ҳалокат раҳонд ва оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, ба эҳёи давлатдории навини миллӣ бунёд гузошт.
Камол НАСРУЛЛО: Дар ин маврид месазад таъкид намуд, ки рӯзнома бо роҳандозии озмунҳо ҳам мавзуъҳоеро баррасӣ намуд, ки дар боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии мардуми кишвар нақши зиёд гузоштанд ва ҳам як саҳми бузург дар пажӯҳишу таҳқиқи соҳаҳои гуногуни маънавиёти мо мебошанд. Аслан, озмунҳои эҷодии «Ҷумҳурият» чандин ҳадафҳои баландро пайгирӣ менамоянд. Аз ҷумла, вақте озмун бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум эълон шуд, (соли 2017) олимон, адибон, рӯзноманигорон бори дигар таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ карданд ва мақолаҳо, пажӯҳишҳои нав, андешаҳои тоза пайдо шуданд. Дар доираи озмун бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ низ. Маҳз ҳамин озмунҳо диққати олимону мутахиссисони соҳаро бори дигар ба ин мавзуъҳо кашид, ки дар натиҷа, самараи ин пажӯҳишҳои нав китоб шуданд.
Ман фикр мекунам, ки ин озмунҳо метавонад мавриди пажӯҳиши алоҳида қарор бигиранд. Лекин, дар маҷмуъ, худшиносии миллӣ дар мавриди ваҳдати миллӣ ва мавридҳои дигар ин озмунҳо хеле натиҷаҳои нек доданд. Ҳар озмуне, ки гузашт, мондагор аст, хосса барои ҷавонон, ки дар боло бурдани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллии онҳо нақши созгор мегузоранд.
«Ҷумҳурият»: Имрӯз бо дастгирии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат дар кишвари мо озмунҳои зиёд роҳандозӣ мешаванд, ки яке аз дигаре пураҳамияттаранд. Озмунҳои «Ҷумҳурият» аз озмунҳои дигар бо кадом вижагиҳои худ фарқ мекунанд ва, умуман, ин озмунҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон чӣ таъсире гузошта метавонанд?
Камол НАСРУЛЛО: Ман қариб дар ҳамаи озмунҳое, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» баргузор намуд, ширкат доштаму матлаб навиштам. Озмунҳои «Ҷумҳурият» барои ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии кишвар як падидаи тамоман тоза ва хуҷаста мебошанд. Албатта, пештар ҳам чунин озмунҳои эҷодӣ, ташкил мешуданд, аммо дар доираи рӯзнома ҷамъбаст мегардиданд. Ман атрофи моҳият, махсусиятҳову хуҷастагиҳои озмунҳои «Ҷумҳурият» нияти як чиз навиштан дорам. Ҳоло ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки ин озмунҳо фаротар сурат гирифтанд. Маросими ҷамъбасти онҳо дар ноҳияҳо, маркази вилоятҳо, гӯшаҳои дурдасттарини Тоҷикистон доир шуданд. Ҷамъбасти озмунҳо рӯзномаро ба назди мардум бурд ва мардумро ба рӯзнома наздик кард. Мардум боз бештар ба ин нашрия ҷалб шуданд ва теъдоди муштариёнаш афзуд.
Ҷонибек АСРОРИЁН: Нахуст изҳори миннатдорӣ ба рӯзномаи бонуфузи Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» мекунам, ки тавонист дар мудати чанд соли охир корҳои мондагор анҷом бидиҳад. Ба андешаи ман, рӯзнома бо баргузор намудани озмунҳо рисолати аслии хешро иҷро кард. Яъне, кореро анҷом дод, ки онро аслан як низоми пурқудрате, ки дар бисёр вазоратҳо ҳаст бояд анҷом бидиҳад. Фарқияти озмунҳои рӯзнома аз дигар озмунҳо ин аст, ки хони маънавӣ орост ва тоифаҳои гуногуни кишварро атрофи ин хон ҷамъ намуд.
«Ҷумҳурият»: Яъне озмунҳои ваҳдатофар ҳам ҳастанд…
Ҷонибек АСРОРИЁН: Бале. Озмунҳои «Ҷумҳурият» ваҳдати андешаро ба вуҷуд оварданд. Озмунҳо маҳаллӣ, вилоятӣ, ва ҷумҳуриявӣ ҳастанд, аммо озмунҳое, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» роҳандозӣ намуд, батадриҷ озмуни байналмилалӣ шуданд. Хусусан, озмуни охирин, ки ба хотири 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва бозтоби хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир намуд. Ба озмун на танҳо аз дохил, балки берун аз кишвар аз ҷумла, аз Россия, Британия Кабир, Олмон, Қатар, Кувайт, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон матлабҳои зиёд ворид шуданду ба табъ расиданд.
Кароматтуло ОЛИМОВ: Мо - ҳамагон хуб медонем, ки вазъият чӣ гуна буд ва дар ин бора мақола навишта ба нашр расондем, вале вақте дар ин мавзуъ аз берун муаллифон матлаб фиристоданд, ин гувоҳи он буд, ки обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ хеле боло рафтааст. Дигар ин, ки касоне пайдо шудаанд, ки хидматҳои Пешвои миллати моро аз берун мебинанду онҳоро қадр менамоянд.
Ҷонибеки АСРОРИЁН: Ин ҷо тақрибан умумияти андеша ба вуҷуд омад. Яъне, дар пешравии кишвари мо ва рӯзгори мардуми мо хилофи назар нест. Муҳимтар аз ҳама, ба назари ман он аст, ки ҳам самимият дар матлабҳо вуҷуд дошту ҳам воқеият. Яъне, андешаи олимона ҳам буд, ки ба меъёри ҳуқуқӣ мувофиқат мекард ва ҳам андешаи як рӯзноманигори одӣ, ки агар аз ҷиҳати моҳият нигоҳ кунем, фарқе надоранд. Ва боз муҳим ин аст, ки ҳамаи навиштаҳо ва ҳамаи озмунҳое, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» баргузор кард, эҳсоси хештаншиносиву ватандорӣ дошт. Ва ҳар кас тавонист, дар навиштаи худ ишора бар он созад, ки ифтихор аз тоҷик будан ва ин Ватан дорад. Гумон мекунам, дар муқобили онҳое, ки ба мо бо чашми ғараз нигоҳ мекунанд, ин гуна озмунҳо хеле аҳамият доранд.
Дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон гузаштани маросими ҷамъбасти озмун хусусиятҳои равонӣ ва ҳавасмандӣ низ дорад. Ҳавасмандии мардум яке аз ҷанбаҳои муҳими озмунҳо аст. Мо эҳсос кардем, ки озмун ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки дар се шаҳру ноҳия гузашт, як ҷунбиши хуби маънавиро ба вуҷуд овард. Аз ҷиҳати равонӣ барои он муҳиманд, ки мардуми ин минтақаҳо - Рашт, Бадахшон, Хатлон, Ҳисору Турсунзода, ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров эҳсос мекунанд, ки қаҳрамонони Тоҷикистон на танҳо фарзандони ин минтақаҳо, балки фарзандони Тоҷикистонанд.
Месазад гуфт, ки ин озмунҳо мардумро бедор карданд.
Камол НАСРУЛЛО: - Ман мехоҳам дар бораи ду нуқтаи дигар каме сухан ронам. Якум ин, ки идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» тавонист беҳтарин олимон, адибон ва рӯзноманигоронро ба ин озмунҳо ҷалб кунад. Ин бисёр муҳим аст, чунки озмунҳо дар сатҳи баланд доир гардиданд. Дуюм, ин ки идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зич ба роҳ мондааст ва ин ҳамкорӣ, воқеан, сатҳи озмунҳоро баланд бардошт.
«Ҷумҳурият»: - Барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни навбатӣ, ки дар ноҳияи Данғара баргузор гашт, масъулон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Данғара, Рашт, Нуробод, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Рухом» саҳми зиёд гузоштанд.
Кароматулло ОЛИМОВ: Ман фикр мекунам, сабаби ҳамкории хуб доштани рӯзнома бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки “Ҷумҳурият” тавонистааст як ҳайати тифоқ, ҳамназару ҳамфикр, боғайрат, донишманд, эҷодкору ташаббускорро як ҷо ҷамъ орад. Дар акси ҳол ба чунин пешравиҳо даст ёфтан амрест маҳол
Абдулҳамид САМАД: Барои ман мояи ифтихор ва хушҳолӣ ин аст, ки бо роҳандозии озмунҳое, ки шумо гуфтед, рӯзномаи «Ҷумҳурият» рисолати азалии худро дар пеши миллат ва давлати Тоҷикистон боз ҳам беҳтару хубтар иҷро мекунад. «Ҷумҳурият» ин рӯзномаи миллӣ аст ва масъулияти бисёр бузург бар дӯш дорад. Аз рӯзҳои аввал, аз солҳое, ки ба қавли устод Лоҳутӣ, ҳам шамшер буду, ҳам хун, рӯзнома дар дифои миллат ва арзишҳои миллӣ талош дошт. Ман 10 соли умрамро аз солҳои 1960 то ахири соли 1970 дар ин рӯзнома гузарондаам ва имрӯз аз он ифтихор мекунам, ки «Ҷумҳурият» арзишҳои миллӣ, сиёсӣ ва давлатии моро ҳамеша ҳифз мекунад ва тарғиб менамояд. Ва имрӯз ҳар озмуне, ки доир мешавад, дар таърихи матбуоти мо ҷой ва мақоми хосса дорад. Махсусан озмуни навбатӣ, ки ба хотири 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва бозтоби хидматҳои мондагори Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара бо иштироки доираи васеи намояндагони воломақоми дохилу хориҷи кишвар доир шуд, аз таърихи 30 соли давлатдории замони соҳибистиқлолии мо иттилои фаровон медиҳад. Ва ин равзанаест, ки аз он метавон дид 30 сол пеш Тоҷикистон чӣ гуна буд ва имрӯз чӣ гуна аст. Дар маҷмуъ, ин ҳама барои оянда таърих мебошад. Таърихи матбуот, таърихи назари зиёиёни имрӯзаи тоҷик ба мавзуъ ва ба ин шахсиятҳои таърихӣ.
Басо хушоянд аст, ки Аҳмадзоҳири Ҷаҳиш - бародари Афғонистонии мо дар ин озмун бо мо ҳамовоз шуду овоз баланд кард ва бо умеду ормон гуфт, ки кош мисли Пешвои мо роҳнамое медоштанд, то онҳоро ба сӯйи рӯшноӣ, сулҳу созандагӣ ҳидоят менамуд.
Ҷонибеки АСРОРИЁН: Чизи дигаре, ки мехоҳам зикр намоям, ин аст, ки матлабҳои дар доираи озмуни «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» нашр шуданд, воқеиятро инъикос менамоянд. Вақте ман дар Бухоро будам, дидам, ки дар он ҷо аз зиндагии мо бохабаранд. Он ҷо бо зане ошно шудам, ки омӯзгор буда, воқеаҳои солҳои 1991 – 1997- и кишвари моро хуб медонистааст. Вақте бо ӯ ҳамсуҳбат шудам, аз ҷумла гуфт, ки соли 1992 ман аз тақдири мардуми тоҷик ва гурезаҳо бохабар будам, баъзе аз онҳо Бухоро ҳам меомаданд. Вақте бори аввал дар телевизион Президенти шуморо дидам, ростӣ, дилам сӯхт, ки ин ҳам қурбонии навбатӣ аст. Аммо, хушбахтона, чунин нашуд. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз вартаи оташ раҳо карданд. Ана ҳамин гуна нуктаҳои зебо, ҷузъиётҳои аҷиб дар матлабҳо таъкид ва нашр шуданд, ки хеле муҳиманд.
«Ҷумҳурият»: Устод Ҷонибеки Асрориён, шумо дар озмуни мавриди назар Шоҳҷоизаро сазовор шудед. Ҳини гирифтани он чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?
Ҷонибеки АСРОРИЁН: Ростӣ, бовар надоштам, ки Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузе, ки дар сатҳи байналмилалӣ доир шуд, насиби ман мегардад. Аммо вақте ровиён барои гирифтани он ба саҳна даъватам намуданд, эҳсоси шодмонӣ маро фаро гирифт. Дар озмуне, ки рӯзномаи бонуфузи кишвар «Ҷумҳурият» ба хотири бозтоби хидматҳои Пешвои миллат дар сатҳи бисёр баланд доир намуд, Шоҳҷоиза насибам шуд ва ман аз ин ифтихормандам. Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳам Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» дар хотири ман барои ҳамеша нақш хоҳанд баст.
«Ҷумҳурият»: Барои иштирок дар суҳбат аз якояки шумо изҳори сипос менамоем. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» минбари худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва идомадиҳандаи кору пайкори фарзонафарзандони кишвар, ки барои ҳимоя ва ҳастии ин миллату давлат анҷом додаанд, мебошад. Он чи рӯзнома дар ин росто анҷом дод, ҳанӯз охири кор нест ва умед дорем озмунҳои дигареро низ дар ин самт роҳандозӣ хоҳад намуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2021 №: 246 Мутолиа карданд: 2579