logo

сиёсат

БАРОИ МУҲИМТАРИН ҲАДАФҲО

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар (26 январи соли 2021) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, ҳатмӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар замоне, ки ҷаҳон ба таври кайҳонӣ пеш меравад, донистани ин ду забон ногузир мебошад. Албатта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот ин забонҳо омӯхта мешаванд. Ба ҷуз ин, марказҳои омӯзишӣ дар ин самт фаъоланд, вале назорати қатъии сифати таълим низ бояд беҳтар аз пештар гардад.
Дастовардҳо дар ин соҳа назаррасанд. Далели рӯшани он таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Хуб аст, ки дар кишварҳои хориҷӣ 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳо таҳсил менамоянд. Аммо дар кадом сатҳ? Омӯзиши онҳо оё ҷавобгӯи талаботи давр ҳаст ё не? Инчунин, имкони назорати сифати омӯзиши онҳо мавҷуд мебошад?
Бархе аз ин ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таълимии ин кишварҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо аз рӯи ихтисос ба кор пазируфта намешаванд. Ногузир онҳо тарки кишвар мекунанд ва аз донишу омӯзиши онҳо дигарон истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ин ҷавонон ба зиндагӣ, ба кор тамоман дигар хел, албатта, ба маънои мусбаташ, назар доранд ва мехоҳанд фаъолияти густурда дошта бошанд. Мутаассифона, ин гуна иқдомҳо на дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо хуш пазируфта мешаванд. Маҳдудиятҳои фикрӣ низ ба ин гуна амалҳои нек монеа эҷод мекунанд.
Замон ҳамеша дар ҳоли пешрафт аст. Наметавон бинои тафаккури навро бо хишти куҳна сохт.
Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат тамоми тадбирҳои заруриро дар ин росто андешидаанд ва бояд мувофиқи дастури он  аз ин неруҳои тоза дар ободониву пешрафти мамлакат истифода бурд.
Ин ҷавонон, ҳамчунин, барои муаррифии бештару беҳтари кишвар ва дастовардҳои он дар арсаи байналмилалӣ бояд саъй ба харҷ диҳанд.
Навомӯзони забонҳои хориҷӣ, хосса забонҳои русӣ ва англисӣ, ба моҳияти ду масъалаи асосӣ зарур аст, ки ошно бошанду сарфаҳм бираванд. Нахуст, моҳияту манфиати донистани забонҳо ва дувум, доштани муҳаббату самимият ба онҳо.
Бешак, агар моҳияту манфиати онҳоро донанду истифода бурда тавонанд, шавқу рағбаташон ба омӯзиши забонҳо меафзояд. Пайваста барои такмили худ ба адабиёт рӯ меоранд.
Дар ҳар кор агар муҳаббату самимият дар инсон набошад, муваффақ гардида наметавонад.
Омӯзгор батадриҷ ин ду навъи тухмро дар замири дили омӯзанда бояд кошта битавонад. Ҳамчунин, огоҳона ӯро раҳнамоӣ намояд, неруяш бубахшад, то аз мушкилот наҳаросад. Ба ҷуз ин, умедаш бубахшад, ки ӯ худ метавонад мураккабтарин масъалаҳоро дар ин соҳа дуруст дарк ва мустақилона ҳал намояд. Дар омӯзиши ин забонҳо омӯзгор бояд барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, шинохти арзишҳои миллӣ саҳм бигирад, то дар ҳар куҷое, ки бошад, ба манфиати миллат ва кишвари азизаш фаъолияти пурсамар дошта бошад.
Сарвари давлат дар ин Паём барҳақ иброз доштанд, ки: «Таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».
 
Азиза ҒАФУРОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2021    №: 246    Мутолиа карданд: 1461
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед