logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Пешвои миллат Президенти кишвари дӯст ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатӣ гарму ҷӯшон табрик намуданд.
Дар зимн, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Ҷумҳурии Қазоқистон тайи солҳои истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан зикр карданд.
Ҳамчунин, тавсеа ва таъмиқи бемайлону босуботи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ мунтазам рушд меёбанд, қайд гардид. Дар баробари ин, ҷонибҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнидавлатӣ зимни сафари Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, таъкид сохтанд.
Президентҳо атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.
 
15 декабр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд. 
 Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуданд. Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дастовардҳои Қазоқистон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи  Шумо - Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2021    №: 246    Мутолиа карданд: 1509
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед