фарҳанг
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЧЕҲРАҲОИ НАВИ ИЛМУ МАЪРИФАТРО КАШФ КАРД
Усмон Салимзода, хонандаи синфи 2-и Гимназияи № 2-и шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҷойи дуюмро сазовор шуд. Ӯ хурдтарин иштирокдори озмуни имсола аст, ки ҷойи ифтихориро гирифт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз бузургтарин падидаҳои фарҳангии сол маҳсуб ёфта, дар худ садҳо паёму армуғон аз Рӯдакиву Сино, Фирдавсиву Мавлонову Бедил, Айниву Турсунзода, Пушкин, Гётеву Гюгову Балзаку Дюма ва донишмандони дигари оламшумул дорад, ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамони озмун дониш, маҳорати азхудкунӣ ва суханпардозии 150 довталаби даври ниҳоии озмунро, ки аз шумули муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантону докторантон, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд, озмуданду хулоса карданд. Барои хулосабарорӣ 12 рӯз лозим омад, зеро имсол шумораи иштирокчиён зиёд ва рақобат шадидтар буд. Натиҷаҳои он дар Театри давлатӣ - драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ эълон гашт. Бо тантана ва ҳузури устодони сухан, шинохтатарин чеҳраҳои назму наср ва намояндагони мақомоти гуногун.
15 дақиқа пеш аз оғози маросими ҷамъбаст ҷойи либоскашии (гардероб) театр, барои либос ҷой намонд. Ҳам толор ва ҳам пешайвони он аз дӯстдорони китоб, ки ба василаи он тазодҳои зиндагиро мешиносему неку бадро аз ҳам тарҷеҳ медиҳем, саршор гашт.
Он рӯз ҳама иқдоми илмпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар пайи он озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардида, ба кохи Фирдавсӣ бақо ва ба дилҳо дони маънавӣ кошт ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳама ба истиқболи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва шодбошии ғолибони он шитофтанд, бо ихлосмандӣ, бо гулу гулдаста. Ба ғолибони озмун, ки сабоҳи равшани фардои миллатанд, эҳтиром қоиланд…
Маросими ҷамъбасти озмун бо намоиши видео - ролик, ки раванди озмунро бозгӯ мекард, оғоз шуд. Зикр гардид, ки озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти муосир ва назму наср дар саросари кишвар дар чор давр баргузор гардида, даври ниҳоии он дар пойтахти кишвар гузашт.
Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар, ки роҳбарии комиссияи озмунро ба зимма дошт, табрикоти Ҳукумати кишварро ба ғолибони озмун, волидону омӯзгорон ва кулли ширкаткунандагони он расонда, таъкид намуд, ки озмун ба хотири арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тарғиби китобу китобхонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, доир гашт.
- Озмуни имсола, ки ба Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуд, аз озмунҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт. Номинатсияҳо ба чор гурӯҳ - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантону докторантон, ходимони илмиву адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо, теъдоди ҷойҳо мутаносибан барои ғолибони ҷойи 1 як нафар, ҷойҳои 2 ва 3 дунафарӣ муайян гардид, - иброз дошт, Матлубахон Сатториён.
Дар маҷмуъ, 77 нафар ғолиби озмун гардиданд, ки аз ин миён 21 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боқӣ донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрону докторантон ва нафарони касбу кори гуногун мебошанд.
Ҳайати ҳакамони озмун ба 15 иштирокчӣ ҷойи аввалро лоиқ донистанд. Ба дигарон ҷойҳои дуюм ва сеюм насиб гашт. Ба ғолибон 35 000 сомонӣ ва ба барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 25 000 ва 20 000 сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, 20 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, ба 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр гаштанд.
Аҳли толор ба ифтихори ғолибон, ки минбари баланди озмуни навбатии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар олами адабиёт, фарҳанг, мутолиа ва донишу хирад кашф намуд, чандин бор каф кӯфтанд. Воқеан, онҳо паём аз ояндаи наку, фурӯғ аз рӯзгори минбаъдаи кишваранд.
Р.S. Дар доираи озмун 21 нафар волидони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо нишони «Маърифатпарвар» қадр шуданд.
Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 иштирокчии фаъоли озмун, хусусан пиронсолону ятимон, камбизоатону шахсони имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, 5000 - сомонигӣ ва бо дастури Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, ба 10 ширкаткунандаи фаъоли озмун 2000- сомонигӣ тақдим гардид.
Ташаббуси Вазорати маориф ва илми кишварро дар мавриди ба ихтисосҳои филологӣ ба таври ройгон дохил шудани хонандагони синфҳои 11 - иштирокчиёни озмун метавон ҷоизаи беҳтарин барои ҳар яки онҳо ном бурд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2021 №: 247 Мутолиа карданд: 2380