иқтисод
МУЛОҚОТИ ҶАМОЛИДДИН НУРАЛИЕВ БО ҲАЙАТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кумаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review - FSSR) бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс бо тариқи видеоӣ мулоқот кард.
Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пурмаҳсул ва гуногунҷанбаи ХБА ва БМТ, ки, дар маҷмуъ, барои рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти равобити дуҷониба ва идомаи татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар иброз дошт.
- Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатоварро ба роҳ монда, дар ин замина лоиҳаи кумаки техникии навро, ки маҳз бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувории суботи молиявӣ дастгирӣ ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Кумаки техникии мазкур барои рушди бахши молиявии кишвар дар доираи идомаи татбиқи ислоҳот ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад, - иброз дошт Ҷамолиддин Нуралиев.
Карлос де Баррос Серрао дар рӯнамоӣ аз раванди татбиқи лоиҳаи кумаки техникӣ оид ба баҳогузорӣ намудани бахши суботи молиявӣ бо компонентҳои асосии он, тақсимбандии хавфҳои бахши молиявӣ дар доираи матритса ва ба ин васила коҳиш додани хавфҳо ва идоракунии онҳо дар зинаҳои баъдиро муфассал матраҳ намуд. Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи аввал шарҳи бахши суботи молиявӣ омода гардида, нақшаи амал барои фаъолияти ҳайати навбатӣ омода мегардад. Татбиқи марҳилаи навбатӣ дар ҳайати васеъ, ки моҳи апрели соли 2022 дар назар аст, барои идомаи лоиҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни мулоқот намояндагони ХБА барои ҳамкорӣ дар доираи кумаки техникӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда изҳори омодагӣ карданд. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки дар рафти татбиқи барнома бештар ба масъалаҳои таҳкими заминаи сиёсати макропруденсиалӣ, воситаҳои таҳлили хавфҳо, аз ҷумла истифодаи модулҳои нави фишорсанҷиш ва такмили омори молиявӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад.
Ҷамолиддин Нуралиев зарурати татбиқи кумаки техникиро дар як самти муайян – тақвият бахшидани устувории суботи молиявӣ, ки самти нав маҳсуб меёбад, ба манфиати кор ва самарабахш арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур баҳри рушди низоми бонкии кишвар баён доштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2021 №: 247 Мутолиа карданд: 2359