logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҲАБСИ ИФРОТГАРОЕ, КИ АФВ ШУД, ВАЛЕ ИСЛОҲ НАГАРДИД

Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, истиқлолияти давлатҳои миллиро осебпазир намудааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
 
Мутаассифона, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба доми гурӯҳҳои террористиву ифротӣ афтода, ҳаёти худро доғдор ва дар ин роҳи ғалат ҷон бохтанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон, аз роҳи нодониву ҷаҳолат ба чунин тирароҳ қадам гузошта, бархе ҳам қурбони ҳадафҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ шуданд. Қисме бо изҳори пушаймонӣ аз сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷудо шуда, ба Ватан баргаштанд. Бар асоси қонунгузорӣ ин тоифаи фирефташуда афв гардида, ба зиндагии маъмулӣ баргаштанд. Аммо бархеи дигар, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав мағзшӯйи шуданд, ҳарчанд ба ҷазои аъмоли ғайриқонунӣ расида бошанд ҳам, боз чунин рафтори ғалату ғайриқонунӣ карданд.
Чунончи, Исломиддин Хайриддинов, зодаи шаҳри Панҷакент, таълимоти диниро дар айёми хурдӣ омӯхта соли 2008 расман аъзои равияи экстремистии динии «Ҷамоати таблиғ» (аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ манъ шудааст) гардида, ҳамчун пайрави ин ҷамоат ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, ба даъват ва таблиғ машғул шудааст. Барои ин кирдораш бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум гардид. Соли 2012 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Вале мафкурааш аз банди андешаҳои ифротгароёна озод нашуда, ки боз  даст ба тарғиби ақидаҳои носолим зад. 
Исломиддин баъд аз афв шудану ба озодӣ баромадан ҳамчун аъзои фаъол ақидаҳои равияи динии ин ташкилоти экстремистиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намуда, бо чунин тарзу усул дигар шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда, бо ин роҳ мехост тарафдорони ташкилоти экстремистии ба ном «Ҷамоати таблиғ»-ро зиёд ва доираи фаъолияташро васеъ намояд. Вале, мисли он ки «бори каҷ ба манзил намерасад» ӯ низ ба аҳдофи зиддиқонуниаш нарасид. Ин навбат Исломиддин Хайриддинов бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон гардид. 
Хушбахтона, дар пайи тадбирҳои муассири аз ҷониби давлат роҳандозӣ гардида, дар мисоли васеъ ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ алайҳи шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ гаравидани шаҳрвандони мо ба сафи ҷараёнҳои номатлуб кам гардидааст. Аммо, ёдовар шудан аз ин амали Исломиддин Хайриддиновро ба он мақсад зарур шумурдем, ки чунин қисмат ва рафтори ғайриқонунӣ бояд ба дигар пайравони ҷараёнҳои тундгаро намунаи ибрат гардад, то умри худро пушти панҷара дареғ насозанд. Балки ҳадафу ғаразҳои нопоки гурӯҳи таблиғгарони равияҳои террористиву экстремистиро дарк намуда, аз шомилшавӣ ба сафи онҳо худдорӣ намоянд ва дар фазои осудаи Ватани азизамон зиндагии хуше дошта бошанду дар пешрафти ин сарзамини биҳиштосо саҳми арзанда гузоранд. 
 
Раҳматулло ХОЛОВ, 
прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ,мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 3558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед