фарҳанг
Мурод Муродӣ: «ПАДИДАИ НАВ ДАР «ҶУМҲУРИЯТ»-РО БОЯД ОМӮХТ!»
Саҳифаи «Шоми шанбе» вижагиҳои ба худ хос дорад. Аз нигоҳи мавзуъҳо ва шаклу ороиш хеле ҷолиб аст, чун зимни варақгардон кардани шумораҳои рӯзнома ба ин саҳифа мерасӣ тамоман диди дигар аст: бандубаст, ҷобаҷогузории матлабҳо, ҳаҷм ва сарлавҳаи диққатҷалбкунанда. Аз ин хотир, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб менамояд. Вақте ки таваҷҷуҳ равона шуд, пас як навъ ҳисси шавқмандӣ барои мутолиа пайдо мегардад.
Ин матлабро профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ зимни суҳбати ихтисосӣ доир ба саҳифаи иттилоотию фароғатии «Шоми шанбе» бо хабарнигори «Ҷумҳурият», иброз дошт.
Муҳаққиқи варзидаи соҳаи журналистика ба ин назар аст, ки саҳифаи «Шоми шанбе» дар таърихи матбуоти тоҷик падидаи тоза ва қобили мулоҳиза мебошад: «Дар доираи нашрияҳои давлатӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин ғояи ҷадидро дар амал татбиқ кард, ки аз ҳар ҷиҳат муҳим арзёбӣ мегардад. Аҳамияти ташкили саҳифаи «Шоми шанбе», пеш аз ҳама, дар он аст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз рӯйи таъинот нашрияи расмӣ буда, бештар маводи сиёсиро ташкил медиҳад. Аз ин назар, «Шоми шанбе» на танҳо талаботи фароғатии хонандагонро қонеъ мегардонад, балки дар гирифтани маълумоти ҷолиб, огоҳ шудан аз ҳар гуна ҳодисаю падидаҳои ғайриодӣ мусоидат мекунад. Бинобар ин, гумон мекунам, ки ташкили чунин саҳифа ва иқдоми рӯзномаи «Ҷумҳурият» иқдоми неку мақсаднок аст».
- Дар соли дуюми нашри саҳифаи «Шоми шанбе» идеяе пайдо гардид, ки бояд таваҷҷуҳи шогирдон низ ба ин саҳифа равона гардад. Аз ин рӯ, зери унвони «Вижагиҳои «Шоми шанбе»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба шогирдон мавзуъ пешниҳод кардам. Дар ин бора рисолае ҳам навишта шуд ва ин пажӯҳиш чанд ҳадаф дошт: падидаи навро бояд шинохт, хусусиятҳояшро муайян, аҳамияташро дарёфт ва таҳрир кард. Ин иқдом донишҷӯёнро водор сохт, ки рӯзномаро хонанд. Ҳадафи асосӣ низ дар ҳамин буд. Зеро нафароне ҳастанд, ки ин ё он рӯзномаро нахонда, баҳо медиҳанд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки матолиби саҳифаи «Шоми шанбе» аз нигоҳи хусусият ва вижагӣ фарқкунанда ҳам бошанд, вале моли журналистика ба ҳисоб мераванд. Чунки тамоми матлабҳои саҳифа заминаи воқеӣ доранд, - гуфт Мурод Муродӣ.
Ҳамсуҳбати мо нақши таҳиягаронро дар ҷолибу хонданӣ шудани саҳифаи «Шоми шанбе» муҳим арзёбӣ карда, чунин иброз дошт: «Воқеан, заҳмати таҳиягаронро бояд ба инобат гирифт, дар он касе даъвои муаллифӣ намекунад, зеро ин ҷо эҷоди инфиродӣ нест, яъне маҳсулест, ки бо хондан, омӯхтан, шунидан пайдо шудааст. Вале, ҳамон мутолиа ва ҷустуҷӯ худаш заҳмати таҳиягарон аст. Гузашта аз ин, завқу рағбат ва майли онҳо имкон медиҳад, ки маводро интихоб кунанд, инчунин, аз забонҳои дигар, масалан аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва сарлавҳаи хуб мемонанд. Барои ҳамаи ин неруи эҷодӣ сарф мешавад».
Ба андешаи профессор Мурод Муродӣ, «Шоми шанбе» дар худ мазмуни баланду шакли зебо дорад. Вале ӯ мегӯяд, ки барои боз ҳам такмил додани саҳифа доираи матолибро васеътар намудан ба манфиати кор аст.
- Хуб мешуд, ки ба панду андарз ва порчаҳои манзуме, ки дар фарҳанги гузаштаи мо хеле зиёд аст, рӯй оварда шавад. Зеро бо ин роҳ руҳияи ҳувиятсозии миллӣ, ки рисолати асосии «Ҷумҳурият» аст, баландтар мешавад. Табиист, ки ҳамаи ин заҳматҳо барои хонанда аст. Аз ин нуқтаи назар, ин тадбир на танҳо барои саҳифаи «Шоми шанбе», балки барои муҳтавои рӯзнома муфид хоҳад буд, - таъкид дошт Мурод Муродӣ.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2021 №: 247 Мутолиа карданд: 2385