logo

ҳуқуқ

КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ. ҚАБУЛИ ҚОНУНЕ, КИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонданд. 
Зимни баррасии лоиҳа Абдуҷаббор Умарзода, вакили парлумон, гуфт, ки санади мазкур дар таҳрири нав бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таҳия гардидааст. 
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ, иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, рушди соҳаҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодиёт, кишоварзӣ, саноат ва бехатарии озуқаворӣ таҳия шудааст. 
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонуни амалкунанда ба такмил ниёз дошта, дар таҳрири нав қабул кардани он иқдоми саривақтӣ буда, ба танзими муносибатҳо дар ин самт имконият медиҳад. Чунончи, мутобиқи моддаи 7 лоиҳаи қонун соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мавриди танзими давлатӣ қарор гирифта, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои рушди қарздиҳии соҳаҳои афзал, ҷудо намудани кумаки молиявӣ, хариди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои кафолатӣ, танзими содироту воридоти маҳсулот, таҷҳизондан бо техникаю технологияи замонавӣ, татбиқи чораҳои танзими буҷетӣ, андозбандӣ ва гумрукӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, - гуфт вазири кишоварзӣ.           
Дар ҳамин ҳол, Умед Солеҳзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани идоракунии устувори соҳаҳои комплекси агросаноатиро ҳангоми дастгирии давлатӣ муайян намуда, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатии он мусоидат менамояд. Инчунин, принсипҳои соҳаҳои комплекси агросаноатии кишварро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳа, шаффофият ва рақобати солимро дар бозори дохилӣ таъмин карда, барои рушди соҳаҳои саноат бо мақсади афзунгардонӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ ва рушди ислоҳоти саноатӣ такони ҷиддӣ мебахшад. 
Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибатҳои байни соҳавӣ ва ташкилоту корхонаҳои саноати хӯроквориро новобаста аз шакли моликият ба танзим дароварда, барои субъектҳои хоҷагидори комплекси агросаноатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи нав шароити мусоид фароҳам меорад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 3672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед