logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон  ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82)
Мутобиқи моддаҳои 57 ва 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532, «Дар бораи тасдиқи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
аз 27 марти соли 2018, № 167, ш. Душанбе
 
Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8. 02. 2020, № 82).
 
1.Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва эътибор пайдо намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз бояд дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ё «Садои мардум» ройгон расман интишор карда шаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз ин рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор мегиранд, агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додани он муқаррар нашуда бошад (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
4. Дар сурате, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷман калон бошанд (зиёда аз 5 саҳифа), дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ё «Садои мардум» танҳо санади тасдиқкунанда чоп гардида, матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда интишор карда мешавад. Дар баробари ин, дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» манбаи чопи матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда нишон дода мешавад (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
5. Матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда ҳатман дар сомонаи расмии мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода мешавад.
6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, агар муҳлати дигари мавриди амал қарор гирифтан дар онҳо зикр нашуда бошад, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан, мавриди амал қарор мегиранд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии  хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта, оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2020, № 82).
8. Шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқие, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 5495
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед