фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Дар банди 7 §10, боби 2, фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар зербанди 7.1):
- ба мансабҳои категорияи олӣ пеш аз калимаҳои «Муовини раис» калимаҳои «Муовини якуми раис» илова карда шаванд;
- ба мансабҳои категорияи дуюм калимаҳои «Муовини сардори раёсат» илова карда шаванд;
- ба мансабҳои категорияи чорум баъд аз калимаҳои «Мудири бахш» калимаҳои «Ёрдамчии раис» илова карда шаванд;
2) зербанди 7.2.) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7.2) Сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Мансабҳои категорияи якум
Сардори сарраёсат
Муовини сардори сарраёсат
Сардори раёсат
Мансабҳои категорияи дуюм
Муовини сардори раёсат
Мансабҳои категорияи сеюм
Сардори шуъба
Мансабҳои категорияи чорум
Мудири бахш
Мансабҳои категорияи панҷум
Сармутахассис
Мансабҳои категорияи шашум
Мутахассиси пешбар
Мансабҳои категорияи ҳафтум
Мутахассис»;
3) ба мансабҳои категорияи дуюми зербанди 7.3) калимаҳои «Муовини сардори раёсат» илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 декабри соли 2021, № 297
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2021 №: 247 Мутолиа карданд: 5957