фарҳанг
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». КИТОБИ «ҶУМҲУРИЯТ» - КИТОБИ СОЛ – 2021
Маҳсули ранҷи кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ганҷ табдил ёфт. Китоби дастаҷамъии қаламкашон ва муаллифони фаъоли нашрия таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», ки тавассути чопхонаи «Эр-Граф» нашр шуд, бо Дипломи дараҷаи аввал ва ҷоизаи «Китоби сол - 2021» қадр гардид.
Ҳамасола Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол»-ро дар шаш номина мегузаронад. Маҷмуаи мавриди зикри мо дар номинаи «Китоби публитсистӣ» беҳтарин дониста шуд. Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода зикр кард, ки дар ҳайати ҳакамон шоирону нависандагон, рӯзноманигорону мутарҷимони маъруфу корозмуда шомил буданд.
Яке аз аъзои ҳайати доварон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи китоби «Ҷумҳурият» чунин изҳори назар кард: «Ин аввалину охирин китоби «Ҷумҳурият» нест, ки бо ин шакл, мазмуну мундариҷа ва ороиши сутуданӣ нашр мешавад. Пештар ҳам аз мутолиаи китобҳои «Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» баҳраи вофир бурда будем.
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ, ки аз ҷоизадорони озмуни рӯзнома ва яке аз муаллифони китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» мебошад, назарашро чунин баён кард: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худашон яке аз чеҳраҳои мондагор ва Қаҳрамони Тоҷикистонанд, 5 қаҳрамони воқеан ҷоннисори миллатро баргузида ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Минбаъд кори мо зиёиён тарғибу ташвиқи хадамоти бедареғи ин насл, дурусттар ошно кардани ҷавонону наврасон бо корномаҳои онҳо буд. Озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» муҳри тасдиқ зад, ки дар ин самт ҳанӯз корҳои амаливу илмӣ кофӣ нестанд. Танҳо навиштани рисолаву мақолаҳои илмӣ, ки асосан барои доираи муайяни равшанфикрон дастрасу фаҳмост, басанда нест. Азбакси забони рӯзнома ба қавли устод Садриддин Айнӣ забони халқ аст, тавассути чунин минбари мардумӣ шиносондани фарзонафарзандони миллат кори шоиста аст».
Дар давоми панҷ сол рӯзнома як марҳилаи тозаи таҳаввул ва навназариву фарохфикриро паси сар кард. Роҳбарият ва ҳайати эҷодӣ доираи имкониятҳои «Ҷумҳурият»-ро вусъат бахшида, собит карданд, ки рӯзномае, ки таърихи қариб якасра дорад, бо чопи мақолаву матлабҳои рӯзмарра маҳдуд намешавад, балки қудрати гузарондани чорабиниҳои сатҳи миллӣ ва ба ҳам овардани равшанфикрону қаламкашони баргузидаи Тоҷикистону ҷаҳонро дар гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он низ дорад.
Пас аз пайдо шудани таҷриба дар ин ҷода дар ҳамкорӣ бо муассисони озмун ва дигар шахсони ҳувиятӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, то гулчини мақолаҳои озмунӣ аз саҳифаҳои рӯзнома бадар омада, дар шакли китоб ба дасти хонанда расад.
Аз ҷумла, китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» дар ҳамин радиф аст. Вижагии китоб дар ин аст, ки он бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд ва бори аввал дар он мақолаҳои олимону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ ҷой гирифтанд. Хусусан, матлабҳои таҳлиливу дақиқназаронаи муаллифон аз мамлакатҳои Қатар (Аҳмад Муҳаммад ал-Байюмӣ), Британияи Кабир (Ҷалоли Бадахшонӣ, узви Анҷумани ҷаҳонии «Пайванд»), Олмон (Александр Хайзер, муҳаққиқ ва мутарҷими адабиёти классикӣ), Афғонистон (Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, намояндаи ҷавонони вилояти Кописо) арзиши маънавиву фарҳангии китобро афзуд, зеро шунидани ситоиш ва раванди тараққиёти навгониҳои давлат аз назаргоҳи дӯстони хориҷӣ хушоянду таъсирбахштар аст.
Аксари хомакашони бо таъриху таҳаввули рӯзнома ошно аз тавфиқ дар озмуни «Китоби сол – 2021» шод шуда, тазаккур доданд, ки имрӯз «Ҷумҳурият» на танҳо беҳтарин тарғибгари китобу китобхонист, балки аз пешгомони нашри китобҳои дар сарнавишти миллат муҳим мебошад. Ба ин мазмун, рӯзномаи мазкур аз ҳомиёну пайравони сиёсати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи китобхон кардани миллат, бавижа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Бо баҳонаи озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2021» ба таърихчаи имсол аз тақвими рӯзномаи худ нигарем, ҳайати эҷодӣ ноил ба он гардид, ки дар як сол 3 озмун, як озмуни ҷумҳуриявӣ ва ду озмуни байналмилалӣ гузаронад. Нахуст агар дар шаҳри Турсунзода бо фарогирии водии Ҳисор пайи бори дигар арҷгузории хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шуда бошад, бори дувум дар Боми ҷаҳон – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёд кардани чеҳраи мондагори миллат Шириншоҳ Шоҳтемур иқдоми таърихӣ буд. Сеюм озмуни байналмилалӣ, ки дар ноҳияи Данғара – зодгоҳи абармарди таърихи навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи вижа гузашт, қадрдониву арҷгузории хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Маҳсули ҳамин озмун маҷмуаи мондагори «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» мебошад, ки инак китоби сол аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2021 №: 247 Мутолиа карданд: 2055