logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАР РОҲИ ИҶРОИ РИСОЛАТ

Соли 1964. Мо - хатмкардагони Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) барои вохӯрӣ бо котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов даъват шудем. Ӯ моро ба муносибати хатми институт табрик гуфта, изҳор дошт: “Писарону духтаронам, шумо соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидед. Акнун барои кор роҳхат гирифта, ба колхозу савхозҳои районҳо (ноҳия) меравед. Ба ҷойи кор рафта талаби онро накунед, ки яку якбора ба вазифаҳои баланд таъин намоянд. Агар маълумоти агрономӣ дошта бошед, хоҳиш кунед, шуморо сардори бригадаи зироаткорӣ, зоотехникӣ монанд. Маълумоти фермаи чорводорӣ ва муҳандисӣ дошта бошед, механики одӣ таъин кунанд. Дар ин бахшҳо худро мутахассиси соҳа нишон дода, аз уҳдаи кор бароед. Аз кор, зисту зиндагии зердастон бохабар шуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намоед, худи онҳо шуморо ба вазифаҳои баланд пешбарӣ менамоянд. Агар корро аз вазифаҳои баланд сар кардеду аз уҳдааш баромада натавонистед, оянда ба корҳои роҳбарикунанда пешниҳод шуданатон амри муҳол мегардад”.
 
Ин насиҳатро барои он мисол овардам, ки ҳамчун собиқ корманди Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи котиби хоҷагии ба номи Ленини ноҳия буданашон мешиносам. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон давра ҳамчун ҷавони уҳдабаро, нисбат ба деҳқонони корафтода ва шахсони ба қабули роҳбар омада, муомилаи хуби инсонӣ нишон медоданд. Ҳамин буд, ки аъзои иттифоқи касабаи хоҷагӣ дар маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ ӯро барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатию истироҳатиашон ба ҳайси раиси Кумитаи иттифоқи касаба интихоб карданд. 
Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳия ҷавони масъулиятшиносро ба рӯйхати кадрҳои захиравӣ дохил карда, пас аз муддате ба вазифаи дастурдиҳандаи шуъбаи ташкилии кумитаи  ҳизби ноҳия, ки ман мудири  он будам,  таъин  намуд. Дар дую ним соли ҳамроҳ кор кардан ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон ҷавони  болаёқат  ва  масъулиятшиносеро  дарёфтам, ки ба зудӣ нозукиҳои кори ҳизбиро аз худ намуд. Ин буд, ки Кумитаи  ҳизби ноҳия номзадиашро барои  интихоб  ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии савхози ба номи Ленин пешниҳод намуд ва ҳизбиён дар маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ якдилона аз ӯ ҷонибдорӣ карданд. 
Соли 1987 бо тавсияи Кумитаи ҳизбии ноҳия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори савхози ба номи Ленин, ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳия ба шумор мерафт, таъин гардид. Ҳамчун роҳбари хоҷагӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ, пахтаю полизиҳо ва маҳсулнокии соҳаи чорводориву мурғпарварӣ, баланд бардоштани музди меҳнати коргарон ва беҳдошти зиндагии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонданд. Савхоз таҳти сарварии роҳбари ҷавону кордон дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ яке аз пешқадамони соҳа гашт.
Роҳбари ҷавон дар ноҳия, аввалин шуда барои самаранок истифода бурдан як қисм заминҳои корами хоҷагиро барои иҷора ба деҳқонон тақсим карданд. Аз оби ошомиданӣ танқисӣ кашидани аҳолии деҳотро ба назар гирифта, ба ташкилотҳои болоӣ барои ҳалли ин масъала дархост пешниҳод намуданд. Дар натиҷа, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корхонаи истифодабарии оби нӯшоии деҳоти ноҳияи Данғара таъсис ёфт, ки айни замон аҳолии 16 деҳаи ноҳияро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд.
Соли 1990 дар интихоботи Шурои Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 172 (ноҳияи Данғара) номзад ба депутати Шурои Олӣ пешбарӣ шуданд ва дар интихоботи такрорӣ бо ба даст овардани 82 дарсади раъй депутати Шурои Олӣ интихоб гардиданд.
Соли 1992 дар авҷи кашмакашиҳои сиёсии дохилӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои депутатҳои вилояти Кӯлобро ба зимма гирифтанд ва  баъдан дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) интихоб шуданд.
Дар аввалин суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҳамин иҷлосияи тақдирсоз мардуми кишвар дар симояш сарвари ояндасозро дарёфта, минбаъд тамоми ташаббусу талошҳои давлатсозиашонро дастгириву ҷонибдорӣ мекарданд. Барои ман  ва шояд дигар нафароне, ки бо ин марди худодод, ҳамкор ё шинос буданд, маълум буд, ки акнун пояҳои давлати фурӯрехта барқарору халқи парешонгашта сарҷамъ хоҳанд шуд. Зеро ба чашми худ дида будем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи зинаҳои кору роҳбарияшон чорасози мушкилиҳо ва ҳамеша ҳамдаму ҳамнафаси мардум буданд.
Дарвоқеъ, Роҳбари хирадманду оқил аз ягон мушкил наҳаросида, ба таҳдидҳо тан надода, балки бо ҷасорати бемисле дар кишвари ҷангзада сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки натиҷаи талошҳои зиёду хастанопазири ин сиёсатмадори барҷаста буд, Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи рушду тараққиёт қадам гузошт. Шуруъ аз ҳамин давра дар мамлакат садҳо коргоҳу  корхонаҳои  саноативу  истеҳсолӣ  созмон ёфта, бо бунёду навсозии нақбҳо роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуда, ба шоҳроҳи тараққиёт ворид гардид.
Ҳоло дар бораи шоҳкориву бунёдкориҳо ва дастовардҳои беназири замони Истиқлоли давлатӣ, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъ шуданд, ҳама медонем ва таърихи давлатдории навини тоҷикон онро фаромӯш нахоҳад кард.
Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Сарвари давлати тоҷиконро дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори башардӯсту Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ мешиносанд. Зеро ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, бахусус дар масъалаи об, ба нафъи тамоми халқу миллатҳои ҷаҳон аст.  
Ҳоло рисолати ватандории мо дар он зоҳир мешавад, ки ин ҳама эътибору нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат боз ҳам муттаҳид шуда, дар пешрафту ободонии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Зеро то ҳанӯз душманони дохиливу хориҷие дорем, ки эътибори байналмилалии кишвари моро намехоҳанд ва кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу усул сулҳу ваҳдати моро халалдор созанд.  
 
Сайдулло АБДУЛЛОЕВ,
нафақахӯр, ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 1058
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед