logo

фарҳанг

НАЗАРИ АҲЛИ ДИЛ БА ШАХСИЯТИ АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ

Дар бораи ҳаёту фаъолияти ибратбахш ва осори пурмағзи шоир, носир ва рӯзноманигори номвар Абдулқодири Раҳим дар чопхонаи «Эр-Граф» китоби нав бо унвони «Назаргоҳи аҳли дил» интишор ёфт.
Дар он нигоштаҳои пажӯҳишгарон, адибон, журналистон ва алоқамандони ашъори адиб гирдоварӣ шудаанд. Дар ин нигоштаҳо ҳам асарҳои алоҳидаи адиб мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳам давраҳои муҳими ҳаёту эҷодаш даврабандӣ ва осораш хулосабарорӣ шудааст. Ҳамчунин, муаллифони маҷмуа кӯшиш кардаанд, ки мавқеи адибро дар адабиёти муосири тоҷик муайян намоянд.
Абдулқодири Раҳим дар баробари хидмат ба телевизион, матбуот ва маориф, ҳамчунин, барои ташаккули адабиёти замони истиқлол саҳм дорад. Дар баробари таълифи чандин китобҳои ашъор, наср, мақолаҳои публитсистӣ як зумра шогирдони муваффақеро дар ҷодаи журналистӣ тарбия кардааст.
Муҳаррир ва фароҳамсози китоб Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, номзади илми таърих, дар пешгуфтор овардааст: «Омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқ, ҷамъоварии афкори дигарон, андешаҳои дар авроқи китобу рӯзномаву маҷаллаҳо парешони муҳаққиқону суханварон бори як тадқиқоти густурдаву муҳимро доир ба рӯзгору осори шоиру нависанда ва журналисти шинохта Абдулқодири Раҳимро мекашанд.
Дар нигоштаҳои муҳаққиқони шинохта Соҳиб Табаров, Раҳими Қубодиёнӣ, Шамсиддин Солеҳ, Мурод Муродӣ, Ҳадиса Сангова, Ислом Ғуломов, Субҳони Аъзамзод, Кибриёхон Атоева, Муҳаммад Насруллоев, адибони маъруф Абдулҳамид Самад, Гулрухсор, Зиё Абдулло, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ворис, Маҷид Салим, Бузургмеҳри Баҳодур, рӯзноманигорон Камоли Қурбонийон, Қурбон Мадалиев, Абдурауф Муродӣ, Ҷумъахон Темурзода, Ҳуриннисо Ализода, Одил Нозир ва Мирзо Рустамзода паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти адиб ва журналист Абдулқодири Раҳим мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд». 
Фароҳамсоз дар рафти радабандӣ на танҳо матолиби характери тарҷумаиҳолидоштаро аз бозтоби ҳунари нависандагиву шоирии Абдулқодири Раҳим ба ҳисоб гирифтааст, балки дар баъзе ҳолатҳо ба асарҳои алоҳидаи устод низ равзанаҳои алоҳида ихтисос додааст. Дар чунин ҳолатҳо назарҳо ва мавқеъҳои мухталифи ба як офаридаи адиб нигарондашуда онҳоро аз бисёр ҷиҳат мавриди тадқиқ қарор медиҳанд.
Мусаллам аст, ки матолиби маҷмуа чун умри осори худи адиб 40 солро дар бар мегирад. Дар ин миён адабиёт ва илми адабиётшиносӣ дигаргуниҳои зиёдеро паси сар намуд. Маводи маҷмуа як навъ бозтоби ҳамин равандҳо низ мебошад. Мо дар рафти шиносоӣ бо мақолаҳои зери ҷилди ин маҷмуа шоҳид мегардем, ки чӣ гуна тули тақрибан 30 соли охир муносибату масъулияти адиб ба адабиёт ва олимон ба объекти тадқиқот тағйир хӯрдаанд. Агар мақолаи устод Соҳиб Табаров «Таассуроте аз мутолеаи «Як пушти нигоҳ»-и Абдулқодири Раҳим» бо сабки академӣ офарида шуда бошад, дар нигоштаҳои Раҳими Қубодиёнӣ, Шамсиддин Солеҳ ва Муҳаммадуллоҳи Табарӣ нигоҳи тоза ба осори адиб ба чашм мерасад. Агар дар баҳодиҳӣ ба осори насрии адиб маводи интишорнамудаи устод Абдулҳамид Самад ва Маҷид Салим хизмати бебаҳо карда бошанд, ба дарку фаҳми шеъраш мусаллам аст, ки бе шиносоӣ бо маводи ҷолиби нигоштаи устод Гулрухсор, шоирони шинохта Зиё Абдулло, Муҳаммадалии Аҷамӣ ва Ворис наметавон ба ҷое расид. 
Офаридаҳои профессор Мурод Муродӣ дар раванди баҳодиҳӣ ба ҷанбаҳои публитсистии осори журналист чун манбаи муътамад ба кор хоҳанд омад. Ҳамчунин, рӯзноманигорони мумтози мо Камоли Қурбонийон, Ҷумъахон Темурзода ва Абдурауф Муродӣ кӯшиши муваффақонаеро дар роҳи муайян намудани мавқеи осору афкори муаллиф дар ҷомеаи мо ба анҷом расондаанд.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ифтихорманд аст, ки шахсиятҳои маъруфе, мисли Соҳиб Табаров ва Абдулҳамид Самад ба ашъори ҳамкору ҳампешаи дерини мо – ҷонпайванди рӯзнома устод Абдулқодири Раҳим баҳои сазовор додаанд.
Китоб ба масал оинаи тамомнамои чеҳраи адабиву эҷодии устод Абдулқодири Раҳим буда, бовар дорем, ки аз тарафи мухлисону ҳаводорони осори адиб хуш пазируфта мешавад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2021    №: 249    Мутолиа карданд: 3436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед