logo

сиёсат

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАСТУРИ РОҲНАМО БАҲРИ МУҲАЙЁ НАМУДАНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА СОКИНОН

Бори нахуст 27 апрели соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмашонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа карда буданд. Ифтихормандам, ки дар маросими ироа гардидани ҳамаи паёмҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзидаам. 
Паёме, ки 21 декабри соли равон пешниҳод гардид, дар он ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, чун анъана дар ин раванд таҳлили мӯшикофона меҳвар буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар 30 соли соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидориро баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат барои оянда муайян намуданд.
Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат таваҷҷуҳи  мардумро ба роҳҳои дар оянда дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон эътибори махсус додани волидайн ва ҷомеаи шаҳрвандиро бори дигар таъкид карданд.
Болоравии сатҳи зиндагии мардумро Роҳбари давлат бо пешниҳоди далелу рақамҳои асоснок бозгӯйӣ намуда, дар баробари он хеле бамаврид дастур доданд, ки сокинони кишвар бояд аз исрофкории захираҳои моддию молиявӣ худдорӣ намоянд. 
Дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат дар бобати эълон гардидани панҷсолаи рушди соҳаи саноат, такмилдиҳии сиёсати молиявӣ, маъмурикунонии андоз, банизомдарории санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба дастгирию рушди соҳибкорӣ дар мамлакат нигаронида шудаанд, ки он дар навбати худ, боиси  ғанӣ гаштани Буҷети давлатӣ хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти мамлакат барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидорӣ сармашқи кор ва дастури роҳнамо баҳри ҳар чи тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва дар ин замина, муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.
 
Амиршо МИРАЛИЕВ, собиқадори меҳнат
 
 
ПАЁМИ ОЯНДАСОЗ
Паёми имсолаи Роҳбари давлат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда,  Пешвои миллат тамоми фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои кишварро дар муддати 30-соли Истиқлоли давлатӣ ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашида, самтҳо ва роҳҳои рушди минбаъдаи кишварро аввалан барои панҷ ва баъдан барои даҳ сол ва солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро барномаи рушди кишвар барои солҳои оянда ҳисобидан мумкин аст.
Саноатикунонии босуръати кишвар ва бо ин мақсад эълон намудани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат, рушди минбаъдаи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, мушаххас намудани сиёсати хориҷии кишвар, махсусан баҳои воқеӣ ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон аз  нуктаҳои асосии Паёми  Пешвои миллат буданд, ки онҳоро ҳамчун барнома ва дастури роҳнамо  бояд ба инобат гирифт ва барои иҷрои саривақтии онҳо тамоми хизматчиёни давлатӣ ва масъулини вазорату идораҳо, муваззаф мебошем.
 
Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ ЁФТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат мо, аллакай, соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шудем - Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем, тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки барои таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. 
Дарвоқеъ, барои пайваст кардани минтақаҳои кишвар бо марказ сохтмону таҷдиди роҳҳо аҳамияти калон дошт. Роҳҳо ва пулҳои сохташуда барои барқарор ва мустаҳкам намудани ваҳдату якпорчагии минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд. Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи роҳсозӣ, ки бо раҳнамоии Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ амалӣ шуданд, ба беҳзистии ҳар сокини мамлакат ва гулгулшукуфии Тоҷикистон равона гардидаанд.   
Имсол лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм – Нуробод, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт, Данғара – Левакант – Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Кулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ ва чанде дигар шуруъ шуданд. Дар баробари ин, давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. 
Бо итминон метавон гуфт, ки дар фазои осоиштагиву ҳамдилӣ то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаҳои дарпешгузошта муваффақона мушарраф мегардем ва дар боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузорем!
 
Нуралӣ АРАБЗОДА,
директори иҷроияи Маркази татбиқи 
лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо
 
РУШДИ СОҲАИ СОХТМОН РУШДИ ИҚТИСОДӢ МИЛЛИСТ
Дар радифи дигар музаффариятҳои беназир, умдатарин дастоварди мо дар замони Истиқлоли давлатӣ ин аст, ки бо рушди соҳаи сохтмон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ симои шаҳру деҳоти мамлакат ба куллӣ дигаргун гашт. Гузашта аз ин, дар баробари мавзеъҳои сайёҳӣ, бо тарҳи муосир бунёд гардидани садҳо иншооти замонавӣ, қомат афрохтани кохҳои муҳташами фарҳангӣ, боғҳои истироҳатию фароғатӣ таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷиро ба кишвари мо боз ҳам бештар намуд.
Албатта, аз оғози Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагию бунёдкорӣ ҳамчун зербинои эъмори давлати миллӣ ба маҷрои нав ба нави худ равон аст. Вале, дар се соли охир кор дар ин самт ба сатҳу сифати боз ҳам баланд расид, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала ишора намуда, чунин иброз доштанд: «Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуданд».
Воқеан, дар заминаи дастгирӣ ва дастуру нишондодҳои Президенти маҳбуби мамлакат ин раванди матлуб дар бароварда сохтани ниёзҳои аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва мунтаҳо фароҳам сохтани ҳазорҳо ҷойи нави кориву бо шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат мусоидат кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ва истифодаи  технологияи муосири соҳа ҳар як иншоот аз рӯйи меъёр ва талаботи замони  муосир бунёд гардиданд.
Ҳоло барои рушду инкишофи пайвастаи соҳаи меъмориву сохтмон дар кишвари мо тамоми шароитҳои лозим фароҳам буда, дар баробари ин сохтмончиёнро зарур аст, ки ба талаботҳои нав ба нави соҳа ҳамеша омода бошанд. Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ободонии боз ҳам бештари Ватани азизамон саъю талош намоянд. 

Суҳроб САЪДУЛЛОЗОДА, 
директори Муассисаи давлатии «Дирексияи 
сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
МАОРИФ. НУКТАИ МУҲИМТАРИНИ ПАЁМ
Яке аз нуктаҳои басо муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат барои боз ҳам баланд намудани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ буд, ки мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Бояд гуфт, ки низоми маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, тамоми табақаҳову қишрҳои мухталифи аҳолӣ ба низоми омӯзиш ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Моро зарур аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва касби донишҳои замони муосири донишҷӯён саъю талоши худро аз ҳар вақта дигар дида, бештар созем.
Дигаргуниҳои куллии ҷаҳони муосир моро водор месозанд, ки барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Маҳз бо назардошти ин нуктаи муҳим, Пешвои миллат зарур шумурданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
 
Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии 
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2021    №: 249    Мутолиа карданд: 1307
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед