logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 7-8, мод. 67; с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1998, № 22, мод. 295; с. 2004, № 2, мод. 41; с. 2007, № 7, мод. 657; с. 2010, № 1, мод. 18; с. 2020, № 12, мод. 915) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 
«ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН».
  2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии собиқадоронро муайян намуда,  тартиби амалисозии сиёсати давлатиро нисбати собиқадорон  муқаррар менамояд.». 
3. Дар моддаи 1:
- номи модда ва қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон таъмини зиндагии шоиста барои собиқадорон ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.»;
- дар қисми дуюм калимаи «ветеранҳо» ба калимаи «собиқадорон» иваз карда шавад.
4. Моддаҳои 2, 4 ва 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур 
Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадор эътироф шудаанд.
Моддаи 5. Татбиқи амали Қонуни мазкур нисбати собиқадорон – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 
Собиқадороне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд буда, муваққатан ё доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар доираи муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур аз ҳуқуқу кафолатҳо ва имтиёзҳо истифода мебаранд.».
5. Дар моддаи 3 калимаҳои «байналхалқӣ» ва «байналхалқии» мувофиқан ба калимаҳои «байналмилалӣ» ва «байналмилалии» иваз карда шаванд. 
6. Дар моддаҳои 3, 8, 9, 15, 23, 27, 42, 43, 44 ва 47 калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд. 
7. Дар номи фасли II, моддаҳои 7, 8, 9, 11, 12, 13, 14, 15, 18, 19, 20, 21, 22, 23, 24, номи фасли IV, моддаҳои 25, 27, номи фасли VI, моддаҳои 37, 38, 39, 40, номи фасли VII, моддаҳои 41, 42, 43, 44 ва 45 калимаҳои «ВЕТЕРАНҲО», «ветеранҳо», «ветеранҳоро», «ВЕТЕРАН», «Ветеранҳо»,  «ветеранҳои», «Ветеранҳои», «Ветерани», «Ветеранҳое», «ветеран», «ветеранҳое», «ВЕТЕРАНҲОИ» ва «ветерани» мувофиқан ба калимаҳои «СОБИҚАДОРОН», «собиқадорон», «собиқадоронро», «СОБИҚАДОР», «Собиқа-дорон», «собиқадорони», «Собиқадорони», «Собиқадори», «Собиқадороне», «собиқадор», «собиқадороне»  «СОБИҚАДО-РОНИ» ва «собиқадори» иваз карда шаванд.
8. Ном ва муқаддимаи моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:».
9. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Ташкилоти собиқадорон
Собиқадорон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Ташкилотҳои собиқадорон фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ташкилот амалӣ менамоянд ва ҳуқуқ доранд ҳангоми  таҳия ва қабули қарорҳое, ки мақомоти давлатӣ нисбати онҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд.».
10. Дар моддаҳои 25, 26, 34, 37 ва 43 калимаҳои «путёвкаҳо», «путёвка», «путёвкаи» ва «путёвкаҳое» мувофиқан ба калимаҳои «роҳхатҳо», «роҳхат», «роҳхати» ва «роҳхатҳое» иваз карда шаванд. 
11. Дар қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии» иваз карда шаванд.
12. Дар сархати дуюми банди б) моддаи 40 калимаи «спортию» ба калимаи «варзишӣ,» иваз карда шавад.
13. Дар сархати якуми банди а) моддаи 40 ва банди 11) моддаи 43 калимаҳои «нусхаҳои (ресептҳои)» ба  калимаҳои «варақаҳои дорухати» иваз карда шаванд.
14. Моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1843
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 октябри соли 2021, № 533
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:  
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 216


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2021    №: 250    Мутолиа карданд: 1054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед