logo

маориф

ДДСТ: таваҷҷӯҳ ба соҳаи китобдорӣ афзудааст

- Дар арафаи Наврӯз боз 9 синфхонаи бузург, 2 студия барои донишҷӯёни факултаи театрӣ-бадеӣ, 2 студия барои муҳассилини шӯъбаи хореография ва толори консертӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ Аслиддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода. Ҳамчунин афзуд, ки чанд соли охир маблағгузорӣ ба ин муассиса афзуд, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин гардид. Хобгоҳ аз таъмир баромад ва ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки таваҷҷӯҳи довталабон афзояду сатҳи сифати таълим боло равад. Бо дарназардошти дастовардҳои чашмрас донишкада дар шумори 5 муассисаи беҳтарини кишвар маҳсуб меёбад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон ректор изҳор дошт, ки соли хониши гузашта 89 нафар донишкадаро хатм намуд ва ҳама бо ҷойи кор таъмин гардид. Имсол бошад, муассисаро беш аз 200 нафар донишҷӯ хатм мекунад ва аллакай харидор доранд. Албатта, ин шумор ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест, чун соҳаи фарҳанги кишвар ба 6 ҳазор мутахассис ниёз дорад.
Аслиддин Низомӣ ёдовар шуд, ки ҳамасола гурӯҳи устодон дар моҳи май ба шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ҷалби соҳибистеъдодон сафари хидматӣ анҷом медиҳанд. Имсол низ ба ин маъракаи муҳим омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.
Дар мавриди ҷалби довталабон ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ изҳор шуд, ки нисбати солҳои гузашта таваҷҷӯҳ ба ин соҳа дар кишвар 2-3 маротиба афзудааст. Донишкада ба раёсату шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҷалбу пешниҳоди китобдорони оянда нома ирсол менамояд.

Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5369
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед