logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарварони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотро имкони хуби баррасии дурнамои муносибатҳои ду кишвар маънидод карданд.
Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони онҳо, сатҳи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҷонибҳо барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фарматсевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ табодули андеша намуданд.
Дар мулоқот ба масъалаи таъсиси Шуро оид ба ҷалби сармояи мустақими Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.
Сарварони давлатҳо, ҳамчунин, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, ҳолати мураккаби гуманитарии Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.  
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2021    №: 251    Мутолиа карданд: 4315
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед