logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ»

Моддаи 1.  Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи адабиёти таълимӣ» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7, қ.2, мод. 419 ) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:  
1. Ба сархатҳои дуюм ва ҳафтуми моддаи 1, матни моддаи 3, сархати шашуми моддаи 4, сархати чоруми моддаи 6, ном ва матни моддаи 7, сархати якуми моддаи 8, ном ва матни моддаи 10, сархатҳои чорум ва панҷуми моддаи 11, қисмҳои  3 ва 7 моддаи 13, сархати якуми қисми 1 ва қисми 4  моддаи 14, қисми 1, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 2 ва қисми 3 моддаи 15, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 19  пас аз калимаи «маориф» калимаҳои «ва илм» илова карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи  «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Ба моддаи 8 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба нашри адабиётҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд;».
4. Дар сархати ҳафтуми моддаи 11 калимаҳои «оинномаҳо ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд» ба калимаҳои «оинномаҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 14 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
 «- мутобиқат ба анъанаҳои миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ;».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1837
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» 
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»   қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М.  ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 23 июни соли 2021, № 461
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  17 декабри соли 2021, № 210


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2021    №: 252    Мутолиа карданд: 2892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед