logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод.624; с.2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278;  с. 2020, №12, мод.912) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба  моддаи 1 сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-  мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм -  мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;».
2. Дар қисми 3 моддаи 12 калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 19 моддаи 16 ва қисми 21 моддаи 23 калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 28:
- ҷумлаи дуюми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мегардад.»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Назорати  риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар шакли санҷиши нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ амалӣ мегардад.».
5.   Моддаи 281 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Моддаи 281. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм;
- назорати сифати таҳсилот дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ; 
- додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот; 
- тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани баҳогузории маҷмуӣ ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;
- тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмуӣ ба  фаъолияти муассисаи таълимӣ ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;
- таъмини назорати меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;
- назорати иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ;
- назорати фаъолият оид ба мутобиқати маводи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот; 
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
6.  Ба  моддаи 32 сархатҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тасдиқи қоидаҳои аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
- тасдиқи тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ, эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ;».
7. Сархатҳои ҳаштум, шонздаҳум ва ҳабдаҳуми моддаи 33 ва сархати чордаҳуми моддаи 36 хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1832
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 6 октябри  соли 2021, № 512 
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 205


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.01.2022    №: 7    Мутолиа карданд: 2814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед