logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №8, мод. 827) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба моддаи 2 сархатҳои понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
«- регламенти техникӣ – санади меъёрии техникӣ, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди саноатии партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;»;
- коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ – коркарди ҳароратӣ (ба ғайр аз яхкунонӣ ва хунуккунӣ), дуддиҳӣ, консервкунонӣ, пухтан, туршкунонӣ, намакхобонӣ, хушккунонӣ, сиркохобонӣ, ғализкунонӣ, тозасозӣ, афшурасозӣ, ҷавҳарситонӣ ё якҷоякунии ин равандҳо;».
2. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- масъулияти бевосита;
- арзёбии хатарҳо;
- огоҳонидани пешакӣ;
- назорати пурра;
- мушоҳидакунӣ;
- ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир;
- шаффофият;
- реҷаи миллӣ;
- савдои озод.».
4. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 6, қисми 4 моддаи 23 ва матни моддаи 32 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 25 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми ташкил намудани хӯрок барои кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ташкили истироҳати кӯдакон ва солимгардонии онҳо муассисаю ташкилотҳои масъул уҳдадоранд, ки меъёрҳои таъминот бо хӯрок ва талаботи санитарию эпидемиологиро риоя намоянд.».
6. Дар моддаи 28:
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода намудани иловаҳои хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок манъ аст. Номгӯйи иловаҳои хӯроквориро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо муайян мекунанд.»;
- қисмҳои 6-8 мувофиқан қисмҳои 7-9 ҳисобида шаванд.
7. Дар қисми 6 моддаи 30 калимаҳои «Чунин маҳсулоти хӯрокворӣ» ба калимаҳои «Маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо ба вайронкорӣ роҳ дода шудааст,» иваз карда шаванд. 
8. Дар моддаи 32:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» калимаҳои «, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст,» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «хатарнок,» калимаҳои «бесифат, қалбакӣ ва» илова карда шаванд;
- ба қисми 9 пас аз калимаҳои «Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок» калимаҳои «, бесифат ва қалбакӣ» илова карда шаванд.
9. Ба моддаи 36 қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«12. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки дар таркибашон ифлоскунандаҳои муҳити зист доранд, пеш аз нобудсозӣ ё дар раванди нобудсозӣ безарар гардонда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1827
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 23 июни соли 2021, № 463
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 200


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.01.2022    №: 7    Мутолиа карданд: 3172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед