қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, №5, қ.1, мод.273) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 10:
- дар сархати якум аломати баён «:» ба нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои дуюм ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- фаъолияти мақомоти дигари давлатиро вобаста ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;»;
«- барномаҳои илмию техникиро дар самти таъмини бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд;»;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шаванд.
2. Ба моддаи 11 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:
- риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозиро назорат менамояд;
- барномаҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар сохтмон таҳия менамояд;
- санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар соҳаи сохтмон таҳия ва татбиқ менамояд;
- таҳияи харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишинро ташкил ва назорат менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1826
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 июни соли 2021, № 446
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, №199
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.01.2022 №: 7 Мутолиа карданд: 3422