logo

сиёсат

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

4 январи  соли  2022  миёни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Имрӯзҳо мо сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҷашн мегирем. Дар иртибот ба ин санаи муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон, бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикот ва беҳтарин таманниёти инҷонибро ирсол медорам.
Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ расидаанд.
Мо аз ҳолати имрӯзаи муносибатҳои судманди миёни кишварҳоямон, ки бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба дурнамои дарозмуддати онҳо дидгоҳи нек дорем. 
Итминони комил дорам, ки ҳамкории ду кишвари дӯст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрӯз андӯхта, минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардумонамон хизмат хоҳанд кард.  Бо таъкиди манфиатдории доимии ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди самарабахши ин раванд, омодагии хешро ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардондани муносибатҳои Тоҷикистону Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳор менамоям».
Шуморо, дӯсти гиромӣ, ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямон сидқан табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушрӯзӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва, шахсан, аз ҷониби худ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин мефиристам. Тайи сӣ соли гузашта муносибатҳои Чину Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тули таърих ноил гардидаанд. Бахусус, солҳои ахир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди ҷомеаи рушд ва ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем. 
Мунтазам эътимоди стратегӣ густариш ёфта, аз ҳамдигар оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо қотеона дастгирӣ сурат мегирад, ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун босуръат рушд меёбанд, натиҷаҳои пурсамар оид ба бунёди баландсифати муштарак дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дастрас мегарданд. Баъд аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID – 19 мардумони ду кишвар якдилона ва ба ҳамдигар кумак намуда, ҳамаи мушкилӣ ва андуҳро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд.
Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо, бо истифода аз имконияти ҷашни 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чину Тоҷикистонро дарёфт намоем, ҷомеаи бештар наздики тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро ба манфиати мардумони ду кишвар бунёд намоем.
Ба Шумо комёбиҳои корӣ ва сиҳатмандии комил таманно дорам.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва ба мардуми он некуаҳволӣ ва саодат орзумандам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2022    №: 8    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед