logo

иҷтимоиёт

2021: «ҶУМҲУРИЯТ» ВА ЯК СОЛИ МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ

Соли 2021, ки аз тақвими зиндагии мо гузашт, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи наверо варақ зад, ки таҳаввулоти чашмгире дар масири сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дошт. Дар партави сиёсати оқилонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои азиму бесобиқа таҷлил намуда, кишвари мо бо раёсати муваффақона дар як қатор созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, эътибор ва ҷойгоҳи нақшофарӣ дар сиёсатҳои байналмилалии худро таҳким бахшид. Ин дар ҳолест, ки соли сипарӣ бо вуҷуди рӯйдодҳои фараҳбахш буҳрону чолишҳои зиёди сиёсиву амниятӣ низ бо худ дошт.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҷараёни тамоми рӯйдодҳои сол қарор дошт ва ҳамчун мубаллиғи ростини арзишҳои миллӣ, рисолати бунёдии худро дар фазои иттилоотӣ бо тарҳи наву усулҳои муассир анҷом дод. Дар баробари бархӯрд ба масоили рӯз, инъикоси фаврии чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ фасли ҷадиди вусъат ёфтани корҳои созандагӣ ва дастовардҳои беқиёси Истиқлоли давлатиро тарғиб намуда, дар самти худшиносӣ, баланд бардоштани огоҳии сиёсӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ аз масири тозае вориди корзори ватандӯстона шуд.
Аз ҷумла, дар идомаи иқдомоти усулан наве, ки роҳбарияти рӯзнома панҷ сол муқаддам тавассути созмон додани озмунҳои дорои аҳамияти тарбиявию меҳанпарастӣ роҳандозӣ карданд, соли 2021 қадамҳои фаромарзӣ гузошта шуд. Рӯзнома дар давоми сол ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 3 озмуни ҳувиятсози миллиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуд, ки доираи фарогирии онҳо марзҳоро убур карданд.
Дар озмуни аввал, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода эълон гардида буд, садои ин шоири ваҳдатсаро дигарбора оламгир шуд ва танини шеъри равонаш ба само печид. Ин иқдоми пурарзиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав хуш пазируфта шуд ва роҳбарияти онҳо ба иҷрои тарҳи мазкур ҳамроҳ шуданд. Дар доираи озмун, зарфи чаҳор моҳ матолиби зиёди пажӯҳишӣ вобаста ба вижагиҳои сиёсиву иҷтимоии шеъри Мирзо Турсунзода ба нашр расиданд. Шоирону нависандагон, рӯзноманигорони шинохта, олимону муҳаққиқони номвари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон  иштирокчиёни пешдасти озмун буданд. «Ҷумҳурият» тавассути ин озмун перомуни шахсият ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба бозёфтҳои тозае мушарраф шуда, пешниҳоди ҷомеа намуд, ки минбаъд дар таҳқиқи мероси гаронбаҳои назмию насрии шоир, хидматҳои мондагораш дар муаррифии адабиёту фарҳанги тоҷик дар ақсои олам ҳамчун сарчашма хизмат хоҳанд кард.
Маросими тантанавии ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад, ки ба ҷашни ҳақиқии ваҳдату якдилӣ табдил ёфт. Ҳама аз сулҳу дӯстӣ, ватанпарастӣ мегуфтанд, ки пайванд ба ормонҳои миллию ватанхоҳии Мирзо Турсунзода буд. Муассисони озмун дар маросими ҷамъбаст бо назардошти сатҳу сифати баланди матолиби озмун 20 муаллифро бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз намуданд. Яке аз иштирокчиёни озмун, донишманди қавию муҳаққиқи пуркори тоҷик Субҳони Аъзамзод, таассуроти хешро дар робита ба ин чорбинии хотирмон чунин ба қалам дод, ки бозгӯи зарфияти воқеии озмун буд: «Бо иштирок дар ин чораҷӯии баландахтар ба уқёнуси хушмавҷи озмун жарфтар фурӯ рафтам ва арзу тули онро фаро гирифтам; ниятҳои поку созандаи чораварзонро нек пай бурдам. Чун бори нахустин ширкат варзидам, шояд баландиву боландагиву саодатмандии озмунро аз ин пеш на ба он миқёс меандешидам, ки ба чашм дидам. Воқеан, озмуни баланддиёре буд ва ҳам ҷамъбасти хеле оливу наку дошт».
Дар озмуни навбатии рӯзнома, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур эълон гардид, бештар аҳли пажӯҳиш ва таърихнигорон ба гузашта рӯ оварданд ва корномаи таърихии ин арбоби давлатиро, ки дар роҳи ҳастии миллат ҷон супурд, дигарбора рӯнамоӣ карданд. Шартҳои озмун, ки аз 15 ноябри соли 2020 то 15 августи соли 2021 идома ёфта, 5 октябр дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид, муаллифони моро водор намуд, зимни иншои матолиби хеш вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ ва ватандӯстонаи Шириншоҳ Шоҳтемур ба маъхазҳои нодир сар зананд ва маълумоти тозаеро аз ҳаёти ибратбахшу ватандӯстонаи ин шахсияти накуном манзур намоянд.
Аслан, роҳи мунаввари худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои таърихии арбобони давлатӣ, чеҳраҳои тобноки илму адаб, абармардони таърихсоз дар замони Истиқлоли давлатӣ бо файзи хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ дар садри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагор қарор доранд, боз шуд. Дар ин замина, ташаббусҳои «Ҷумҳурият» низ мустақиман ба аслҳои бунёдӣ ва татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат вобаста ба худшиносии миллӣ пайванд гирифта, озмуни навбатӣ, ки маросими ҷамъбасти он дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гашт, дар шинохти саҳеҳтари шахсияти Шириншоҳ Шоҳтемур ва хизматҳои ватандӯстонааш нақши мунир гузошт. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ: “Ин озмун Шириншоҳ Шоҳтемурро ба мардум аз наздик шиносонд”.
Давоми сол роҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз як озмун то озмуни дигар рӯйи таҷриба ва усулҳои нав меандешиданд.  Барномаи  ташкил  ва  баргузории  озмунҳоро  пайваста такмил медоданд. Чунин коргузории масъулона дар ниҳоят бо натиҷаҳои қобили мулоҳиза анҷом ёфта, сатҳи озмунҳо то рафт баланду бошукӯҳ ва ҳадафрас мегардид, ки намунаи боризи он зимни маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни навбатӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” дар ноҳияи Данғара ҷилвагар шуд. Озмуни мазкур, ки дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, бахше аз саҳифаҳои пурҳаводиси ибтидои соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди давлати миллиро варақ зад. Ба шарофати озмун мадорики таърихие вобаста ба давлатдории навини тоҷикон дар ихтиёри хонанда қорор гирифтанд ва нишон медиҳанд, ки мо аз як марҳилаи қисматсӯз чи тавр ба қаламрави саодати миллӣ расидем.
Зарфияти баланди озмун дар он зоҳир гардид, ки баробари эълони он тавассути сомона ва саҳифаҳои рӯзнома муҳаққиқону пажӯҳишгарони хориҷӣ низ ба он мароқ зоҳир намуданд ва донишмандони як қатор давлатҳои хориҷӣ, назири Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Олмон, Қатар, Кувайт, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Афғонистон матолиби хешро ба унвони рӯзнома фиристоданд. Албатта, чунин тобиши баланд ва таваҷҷуҳи байналмилалӣ мустақиман ба шахсияти маъруф ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.
Ин озмун бо як вижагии хоси дигар фарқкунанда буд. Дар заминаи сабақҳои андӯхтаи аҳли эҷоди рӯзнома, ки баъд аз ҳар озмун матолиби он дар шакли китоби алоҳида нашр ва пешниҳоди хонанда мегардид, ин навбат тасмим гирифта шуд, ки чунин иқдом баробари ҷамъбасти озмун анҷом дода шавад. Дар фурсати кӯтоҳ аз шумораи умумии матолиби ба идораи рӯзнома воридгардида, рамзан 30 мақолаи беҳтарини муаллифони дохилу хориҷ гулчин ва дар шакли китоб ба нашр расид. Китоб таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” дар нашриёти “Эр-Граф” бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ чоп шуда, аз нигоҳи сифат, мазмун ва аҳамияти таърихию шинохти арзишҳои давлатмеҳварӣ сазовори баҳои баланди аҳли назар гардид.
Маросими тантанавии ҷамъбасти озмун, ки 17 ноябр дар қасри бошукӯҳи фарҳанги ноҳияи Данғара доир гардид, ба як анҷумани бедории миллӣ табдил ёфт. Дар ҳамин ҳол, муаррифии китоби мазкур қабл аз ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба 30 нафар ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун ба ҳозирин ва аҳли мутолиа ғизои маънавӣ бахшид. Онро донишмандони тоҷик - академик Кароматулло Олимов ва профессор Зафар Мирзоён ба донишварзон ва дигар алоқамандони олами маънавӣ рӯнамоӣ карданд. Ҳамин буд, ки ин маҷмуа аз сӯйи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши публитсистика “Китоби сол – 2021” эътироф гардида, бо ҷоиза ва Дипломи дараҷаи аввал қадр шуд, ки нишони арзиши баланди таърихӣ, илмию маънавии он аст. 
Чеҳраҳои саршиноси илму адаб, муҳаққиқони варзида, шоирону нависандагони соҳибноми тоҷик, ки аксаран ба озмунҳои “Ҷумҳурият” ҷалб гардиданд, ба ин назаранд, ки чунин иқдоми навоварона як навъ инқилоби маданиву маърифатӣ ба шумор рафта, дар шинохти чеҳраҳои мондагор, маърифати ормонҳои миллӣ, тақвияти аркони ҳастии миллат нақши босазо дорад. Гузашта аз ин, озмунҳои рӯзнома хусусияти баланди идеологӣ касб намуда, нақши мафкурасозӣ дар шинохти ҳувияти миллӣ, неъматҳои Истиқлоли давлатӣ ва тарбиявиро иҷро кардаанд.
Аз ин нуқтаи назар, агар соли 2021-ро “Соли “Ҷумҳурият” унвон кунем иштибоҳ нахоҳем кард, зеро дар давоми сол рӯзнома, ҳамчунин, барои ҳамкориҳои судманд ва нақши созгораш  дар  бедории фикрӣ аз сӯйи як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, фарҳанг бо сипосномаҳо қадр шуд. Гузашта аз ин, дар баробари заҳмату талошҳои дастаҷамъона кормандони идора ба таври инфиродӣ низ соҳиби унвону ҷоиза ва ифтихорномаҳо гаштанд. Чунончи, соли 2021-ум 3 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 3 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, 2 нафар Аълочии матбуот ва 8 нафар бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, эҷодкорони нашрия дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, пирӯз гаштанд. Аз ҷумла, Абдулқодири Раҳим, шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва Бузургмеҳри Баҳодур, сармутахассиси рӯзнома, дар Озмуни байналмилалии «Шаҳр дар оинаи ВАО – 2020», ки дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполиси асри XXI» бо сарпарастии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои азими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, мақоми аввалро касб карданд. Ҳамзамон, Шаҳноза Қурбонова дар Озмуни ҷумҳуриявии Беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публитсистӣ таҳти унвони “Об гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ” (муассисон Кумитаи рушди сайёҳӣ ва АМИТ “Ховар”) иштирок карда, бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадр шуд.
Зимнан, рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун нашрияи миллӣ соли 2021 дар робита ба таҳдидҳои замони муосир, фаъолшавии гурӯҳҳои радикалӣ дар минтақа, кӯшиши тафриқандозиву мағзшӯйии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, аз сӯйи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба сифати минбари боварибахш корҳои тарғиботиро оид ба иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат вусъат бахшид. Дар ростои муборизаҳои идеологӣ, ки бо истифода аз пешрафти технологияи иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ бештар гардидаанд, рӯзнома ҳамагуна ҳаракатҳои зидди миллиро ташхис ва бо истифода аз имконоти фарогираш ба онҳо вокунишҳои дурусту огоҳона нишон дод. Вобаста ба талаботи замон, соли гузашта дар шабакаи ҷаҳонии интернет ютуб-канали рӯзнома боз шуда, барномаҳои вижа дар мавзуъҳои гуногуни дорои ахлоқию маънавӣ, илмию маърифатӣ, баҳсу баррасиҳо оид ба ҷараёнҳои номатлуб манзури хонандагон гардиданд.
Ҳаводиси соли гузашта бори дигар нишон доданд, ки ҳоло беш аз ҳар таҳдиди дигар ҷангҳои шуруъшудаи иттилоотӣ метавонанд, пайомадҳои харобиовар дошта бошанд. Дар чунин вазъ, барои рақобатпазирӣ дар фазои иттилоотӣ ниёз ба кадрҳои ҳирфавии рӯзноманигорӣ ё ВАО-и ватанӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, роҳбарияти рӯзнома дар идомаи кӯшишҳои худ вобаста ба баланд бардоштани нуфузи рӯзнома ва таъсиргузор будани он дар фазои иттилоотӣ ба тавсеа  бахшидани иқтидори мактаби эҷодиву рӯзноманигории “Ҷумҳурият” дар соли 2021 иқдомотеро амалӣ кард, ки асли он ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа гиреҳ мехӯрад. Ин мактаби бунёдӣ дар вуҷуди хабарнигори рӯзнома тухми садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба халқро кошта, дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол мерасонад.
“Ҷумҳурият” ҳамчун рӯзномаи ормонгаро дар соли нави 2022 низ тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукуматро дар авлавияти фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, зиракии сиёсии мардум, шинохти саҳеҳи арзишҳои давлатдорӣ, сулҳу амнияти комил майдондорӣ хоҳад кард. 
 
“ҶУМҲУРИЯТ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2022    №: 8    Мутолиа карданд: 2343
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед