фарҳанг
ДУРАХШИ ЛОЯЗОЛИИ САНЪАТИ ТОҶИКОН
Эътирофи мусиқии халқии миллати тоҷик “Фалак” аз ҷониби созмони баэътибори байналмилалии ЮНЕСКО эътирофи санъату ҳунар, асолати ҳунарӣ, фарҳанги хуҷастаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки аз имтиҳони ҳазоронсолаҳои таърихи гарон гузаштаву бо сарбаландиву покизагӣ то ба имрӯз расидааст ва шукӯҳу шаҳомату дурахши лоязолии худро маҳфуз доштааст. Суруд ва мусиқии “Фалак” эҷоди халқи мост ва гувоҳи дурахшони ҳунару истеъдоди ин миллати тамаддунпарвару эҷодкору нексиришту хайрхоҳ аст, ки ба шарофати даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва талошҳои фарзандони фарзонаи он дар қатори дигар суннатҳои волои миллӣ, илм ва адабиёти бегазанду ҷовидони гузаштагон эҳёи дубора ёфтаву маҳбуби мардуми соҳибзавқи сайёра гардидааст.
Аз эътирофи ҷаҳонии Наврӯзи Аҷам, истиқболи самимонаи бисёр суннату маросимҳои дигари тоҷикӣ то пазироии мусиқии “Фалак”-и тоҷикӣ ҳама паёми неку дуруду шодбошии халқи хайрхоҳу нексиришти тоҷик ба ҷаҳониён буда, ки дар ин замони таҳдиди хатарҳои маҳвкунандаи инсонӣ нури умеду хайру сафо ба ҷомеаи башарӣ армуғон меоранд ва бори дигар гувоҳи сиришти неки башардӯстона ва ҳадафҳои волову хуҷастаи инсонии халқи соҳибтамаддуни мо мебошанд.
Мо аминем, ки ҳанӯз бисёр ҳунару суннат ва маросиму анъанаҳои неки башардӯстона ва инсонпарваронаи миллати нексиришти тоҷик сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонианд ва дар фароҳам овардани ҳавои мусоид, ҳамдигарфаҳмӣ ва некиву инсонпарваронаи халқу миллатҳои ҷаҳон метавонанд мусоидат кунанд. Ҳар суннату маросим ва одобу анъанаи миллии мардуми мо, нуру сафо ва меҳру вафои инсонӣ бо худ доранд, ки инсонҳоро инсонитар мекунанду ҳавои рӯзгори инсониятро покизаву мусаффо нигоҳ медоранд. Масалан, агар аз Меҳргони мо насими меҳру сафо ва файзу баракату фаровонӣ мевазад; маросими ҷашни Сада ҳазоронсолаҳо бар алайҳи зулму торикиҳо бо оташи мунаввари худ роҳи моро рӯшан, дилу манзили моро гарм медорад. Одоби ҷавонмардӣ ва футуввати инсонии халқи тоҷик баъдан дар Аврупо бо номи Ритсарство машҳуру маълум гардидаву сатҳи баланди меъёрҳои инсониро таълим додаву таъмин намудааст. Аз ҷумла, қавӣ будан, дурӯғ нагуфтан, фиреб надодан, некӣ кардану хайрхоҳ будан ва ғайра.
Ҷойи сарфарозӣ ва ифтихори бузург аст, ки имрӯз ба шарофати сиёсати некбинона ва хайрхоҳонаву башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол обрӯ ва нуфузи миллати мо дар арсаи байналмилалӣ меафзояд ва, хусусан суннату маросимҳои миллии мо, ҳар чи бештар эътирофи байналмилалӣ меёбанд. Эътирофи мусиқии халқии мо - “Фалак” эътирофи навбатии сиришти эҷодкору офаринандаи халқи соҳибтамаддун ва соҳибистеъдоди тоҷик аст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 3135