logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ОРД. ИҚТИДОР ҲАСТ, ТАДБИР ЧӢ?

Тибқи иттилои Агентии омор,  мувофиқи меъёрҳои физеологӣ талаботи солонаи аҳолӣ ба орд 1 миллиону 211 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Давоми даҳ моҳи соли равон истеҳсолоти дохилӣ наздики 633 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар баробари ин, ба ҷумҳурӣ аз Қазоқистон ва Россия наздики 45,5 ҳазор тонна орд ворид гардид. Ин дар ҳолест, ки 45 корхонаи ордбарории кишвар иқтидори коркарди 2,5 миллион тонна гандумро дорад. Пас, мушкил дар чист, ки аҳолии мамлакатро бо орд – маводи асосии ғизоии мардум бо истифода аз имкониятҳои манбаъҳои худӣ таъмин карда наметавонем?
 
НАҚША ИҶРО ШУД, АММО…
Бино бар маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 274 ҳазору 838 гектар гандум кишт шуда, ба ҳолати 1 ноябр беш аз 855 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид. Ин назар ба соли пеш қариб 9 ҳазор тонна зиёд буда, ба 101 дарсади нақша баробар аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 30,7 сентнерро ташкил дод. Сарфи назар аз ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳосилнокӣ  коҳиш ёфтааст. Мутаассифона, ноҳияҳои Файзобод (91,4), Рӯдакӣ (89), Варзоб (85,7), Нуробод (70,9), Тоҷикобод (80), Рашт (75,5 дарсад) нақшаро иҷро накарданд. Омили асосии инро Фарухиддин Набиев, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба он рабт дод, ки аз ҳисоби зиёд намудани кишти картошка, майдони гандумзор кам шуд. 
Ғайр аз ин, дигар сабаби коҳишёбии ҳосил, тағйирёбии иқлим низ ҳаст. Масалан, баҳори имсол камбориш омад. Аз ҷумла, кишоварзони ноҳияи Деваштич баҳору тирамоҳ дар масоҳати қариб 30 ҳазор гектар ғалла кишт карданд. Истеҳсолот наздики 33 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 11 сентнер аст. 
- Камобию хушксолӣ омад. Аз майдони умумии ғаллазори ноҳия 5 – 6 ҳазор гектараш обӣ асту боқимонда лалмӣ. Дар заминҳои обӣ тухмиҳои серҳосил коштем, ки аз ҳар гектар аз 35  то 50-сентнерӣ самар доданд. Вале заминҳои лалмӣ баръакси ин аст. Агар имкониятҳои ноҳия барои обёрии заминҳои ташналаб ба таври зарурӣ истифода гарданд, ҳам кори деҳқон ранги тоза мегираду ҳам дастархони мардум фаровон мешавад,- гуфт Абдумалик Ҳодиев, муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия. 
 
ЧАНД МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ 
Чун сухан аз камшавии ҳосил рафт, бояд чанд омилро зикр намуд. Аввал, тағйирёбии иқлим мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Пасон, болоравии нархи сӯзишворӣ кишоварзонро сардаргум кард. 
- Мисол, як литр сӯзишворӣ 11 – 12 сомонӣ. Нархи равғанҳои молиданӣ низ гарон. Баъзе хоҷагиҳо аз норасоии оби полизӣ низ танқисӣ мекашанд, ки масъалаи ҳалталаб аст. Ин мушкил дар шаҳру ноҳияҳое ба назар мерасад, ки тариқи насосҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Деваштичи вилояти Суғд, инчунин, як қисми шаҳру ноҳияҳои водии Рашту минтақаи Кӯлоб. 
Гузашта аз ин, гаронии нархи нуриҳои минералӣ проблемаи ҷиддист. Дар ҷумҳурӣ 202 ҳазор гектар боғу токзор ҳаст. Агар инро истисно кунем, танҳо барои заминҳои корам беш аз 550 ҳазор тонна нуриҳои азотию фосфорию калийгӣ лозим меояд.  Тайи нуҳ моҳи соли рафта бошад, зиёда аз  150 ҳазор тонна ворид гашту халос. Ин талаботи хоҷагиҳои деҳқониро ҳамагӣ 20 – 25 дарсад таъмин менамояд, ки нишондиҳандаи хеле паст аст. Гузашта аз ин, барои пешбурди кор фоизи баланди маблағҳои бонкӣ на ҳамеша имкон медиҳанд, ки кишоварз аз бонк қарз гирад. Аз ин лиҳоз, агар хоҳони рушди соҳаем, нахуст бояд сари паст кардани фоизҳои қарз андешем,- проблемаи соҳаро шарҳ дод Фарухиддин Набиев. 
 
ҲОСИЛНОКӢ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН КОҲИШ ЁФТ 
Мушкилоте, ки овардем, аз омилҳои беруна низ вобастаанд. Агар ба авзои ҷаҳон нигарем, имсол дар саросари олам  кишоварзон барои дастрасӣ ба сӯзишворию нурӣ ва тухмию техника танқисӣ кашиданд. Бар асари ҳавои номусоид ҳосил кам шуд. Бинобар ин, нархи гандум дар аксари кишварҳои истеҳсолкунанда боло рафт. Фарзи мисол, Россия, ки яке аз мамлакатҳои асосии таъминкунандаи гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад, барои содирот маҳдудият ҷорӣ кард. Албатта, ин омил ба болоравии арзиши маҳсулот бетаъсир намонд.   
Ба навиштаи «Refinitiv Eikon», тобистони соли гузашта бо сабаби дар минтақаи баҳри Сиёҳи Россия ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ, нархи гандум боло рафт. Миёнаҳои моҳи август арзиши як тоннаи он ба 300 доллар расид. Бинобар коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот, нарх дар Россия низ баланд шуд.  Зимнан, ба таъкиди коршиносон, аввали соли оянда нархи як тонна гандум ба 400 доллар мерасад.
 
НАРХИ ГАНДУМ ДАНДОНШИКАН МЕШАВАД?
10 ноябр вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз ҷорӣ намудани квота барои ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум, дар соли 2022 хабар дод. Инчунин, интизор меравад, ки дар сурати ба беш аз 400 доллар расидани нарх, Россия боҷи гумрукиро барои содирот бознигарӣ менамояд. Яъне, қимати як тонна гандум  барои содирот, ки ҳоло каму беш 300 долларро ташкил медиҳаду ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои ин миқдор 69,9 доллар аст, боз метавонад ҷаҳад. 
Зикр кардан мебояд, ки Тоҷикистон, асосан, истеъмолкунандаи орд ва гандуми Қазоқистон аст. Мувофиқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ин давра ба мамлакат 814 ҳазор тонна гандум ворид гашт, ки  96 – 98 дарсади он истеҳсоли Қазоқистон аст. Боқимонда аз Ӯзбекистон ва Россия. Бо дарназардошти ин, таваҷҷуҳ кардем ба истеҳсоли гандум дар ин кишвар. Ба ҳолати 1 ноябр дар Қазоқистон наздики 11,5 миллион тонна гандум ҷамъ оварданд, ки қариб 10 миллиони он барои истеъмол ва 1,1 миллиони дигараш барои тухмӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳоли ҳозир арзиши як тонна гандум барои кишварҳои хориҷӣ дар ин кишвар 300 доллар аст, ки ба навиштаи сомонаи «Eldala.kz» ин назар ба вазъ арзонтар аст. 
Сабаби гароншавии қимати гандум болоравии арзиши газ дар Аврупо маънидод мешавад, ки нархи нуриҳои минералӣ 60 – 80 дарсад аз он вобастагӣ дорад. 
 
САРГАРДОНӢ АЗ ПУШТИ ФОНДҲОИ ГАРДОН 
Таъсиси фондҳои гардон яке аз роҳҳои истифодаи самараноки қудратҳои истеҳсолӣ ва таъмини бомураттаби кори корхонаҳост. Ин тадбир аз як ҷониб кори мунтазами корхонаҳоро таъмин созад, аз тарафи дигар болоравии нархро пешгирӣ менамояд. Масалан, ҳангоми ғунучини ҳосил корхона маҳсулотро бо нархи арзон харида, захира менамояду кори мунтазамашро таъмин месозад. Дар сурати баландшавии нарх ҳам, ба аҳолӣ маҳсулоти нисбатан арзон пешниҳод мекунад. Аммо набудани чунин фондҳо ширкатҳоро саргардон кардааст. Агар воқеан масъулон мехоҳанд дар татбиқи ҳадафи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат саҳмгузор бошанд, месазад сари рафъи ин мушкил андеша намоянд. 
 
АГАР ИСТЕҲСОЛИ ГАНДУМ  БА 1 МИЛЛИОНУ 700 ҲАЗОР ТОННА РАСАД… 
Маълум аст, ки заминҳои корами обӣ дар ҷумҳурӣ каманд ва тибқи нақша дар он маҳсулоти ниёзи аввал кишт мешавад. Дар баробари гандум, сабзавоту хӯроки чорво низ истеҳсол намудан лозим. Пас, роҳи ҳалро аз куҷо бояд ҷуст?  Академик Ҷалил Пиризода дар ин робита чунин андеша дорад: 
- Бояд гуфт, ки дар кишвар истеҳсоли гандум 900 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин деҳқон барои кишт як қисмашро захира мекунад, ки тақрибан 70 – 80 ҳазор тонна аст. Аз сабаби вазнпартоию омилҳои дигар, 8 – 10 дарсади маҳсулот талаф меёбад.  Ҳангоми ордкунӣ 20 – 25 дарсади дигараш сабӯс мешавад. Ҳамин тавр, орди тоза қариб ба 600 – 650 ва гоҳо 550 ҳазор тонна мерасад, ки ин 55 – 65 дарсади талаботи аҳолист. Боқимондаашро аз хориҷа меорем. Барои он ки ба худтаъминкунӣ ноил гардем,  бояд истеҳсоли гандумро ба 1 миллиону 700 ҳазор тонна расонем. Зарур аст, ки бо роҳи парвариши навъу намунаҳои серҳосил ва ҷорисозии агротехникаи пешрафта, ҳосилнокиро баланд бардорем. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2022    №: 8    Мутолиа карданд: 1388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед