logo

порлумон

КОРКАРДИ ХОКАИ МАЪДАНИ ТИЛЛО ВА МИС. БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР БА САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Ҷиҳати пурра ва дар дохили кишвар ба роҳ мондани коркарди ниҳоии хокаи маъдани тилло ва мис 29 декабри соли 2021 вакилони парлумон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмуии конҳо «Тарор», «Ҷилва» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмуии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардондашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро, ки 12 ноябри соли 2021 ба имзо расида буд, ҷонибдорӣ карданд. 
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳангоми баррасии созишнома гуфт, ки зимни татбиқи лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷии ба иқтисодиёти кишвар ҷалбшаванда беш аз 1,3 миллиард сомониро (117 миллион доллари ИМА) ташкил намуда, барои сокинони маҳаллӣ беш аз сад ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад. 
Тибқи созишнома, дар корхонаи бунёдшаванда се соли аввали татбиқ, ки марҳилаи сохтмонро дар бар мегирад, таносуби кормандон 80 дарсад маҳаллӣ ва боқӣ хориҷиро ташкил дода, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он шумораи кормандони маҳаллӣ боз 10 дарсади дигар зиёд мегардад. 
- Иқтидори корхонаи бунёдшаванда коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъдан дар як сол буда, барои дар оянда коркард намудани хокаи маъдани дигар корхонаҳои ҷумҳурӣ шароит фароҳам меорад. Дар ҳолати татбиқи муваффақонаи лоиҳа ҳаҷми андозҳои пардохтшаванда аз ҷониби ширкат тибқи ҳисобҳои пешакӣ солона беш аз 40 миллион долларро ташкил медиҳад. Муҳлати созишнома аз санаи эътибор пайдо кардан 10 солро дар бар мегирад, - зикр кард Саъдӣ Қодирзода.    
Парвиз Шодизода, вакили маҷлиси намояндагон, созишномаи мазкурро қадами навбатӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллии стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар унвон кард. Ӯ гуфт, ки аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат маҳз ба хотири бунёди бештари корхонаҳои саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои саноатии мавҷуда ва ба ин васила ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бо музди меҳнати арзанда, аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. 
- Ҳақиқати бебаҳс аст, ки пешрафти соҳаи саноат дар таъмини рушди устувори иқтисодии ҳар кишвар ҷойгоҳи арзанда дорад. Аз ин мавқеъ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмуии конҳои «Тарор», «Ҷилва» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмуии тилло ва мис иқдоми фараҳбахш буда, аз чанд ҷиҳат муҳим мебошад. Аз ҷумла, бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмуии тилло ва мис ҳамчун воҳиди сохтории саноатӣ, метавонад ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мусоидат намояд. Ҳамчунин, ин тарҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои кории дорои тахассуси баланд ва муҳимтар аз ҳама, эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи маъданҳои хусусияти стратегидошта такон мебахшад. Аз нигоҳи сиёсати сармоягузорӣ низ созишнома бахши ояндадор будани соҳаи иктишоф, коркард ва истеҳсоли саноати маъданҳои кӯҳиро тақвият мебахшад ва ҳамчун неруи нарми истеҳсолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сармояи мустақими хориҷиро осонтар мегардонад, - гуфт Файзулло Баротзода, вакили парлумон.
Саъдӣ Қодирзода дар суҳбат бо мо гуфт, ки аз ҷониби сармоягузор пурра риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, танзими ҳуқуқии худро ёфтааст. Моддаи 12 созишнома ба амнияти экологӣ бахшида шуда, тибқи он, корхона муваззаф шудааст, ки ҳифзи муҳити зистро ҷиддӣ риоя намояд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2022    №: 8    Мутолиа карданд: 5820
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед