logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

5 январи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Никол Пашинян баргузор гардид.
Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев дар бораи расондани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод.
Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд.
6 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Миёни роҳбарони давлатҳо иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилгардида матраҳ шуда,  перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сарварони ду кишвар вазъи феълии Ҷумҳурии Қазоқистонро муҳокима намуда, изҳори умед карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид сохтанд.
6 январи соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев сурат гирифт.
Сарвари Қазоқистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод. Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Президенти Тоҷикистон омодагии кишварро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2022    №: 9    Мутолиа карданд: 1646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед