logo

туризм

САЙЁҲӢ. ПЕШРАФТ ВА МУШКИЛОТИ СОҲА ДАР ЧОР СОЛ

Тайи чор сол аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мақоми махсус дорад - соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд. Дар ин солҳо сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ пешравиҳо дошт?
Сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дониста шуда, интизориҳои зиёд ба он вогузор шуданд.  Ҳукумати мамлакат бо назардошти захираҳои бузурги сайёҳӣ ва истифодаи самараноки онҳо беш аз 20 намуди сайёҳӣ, аз қабили кӯҳгардиву экологӣ, кӯҳнавардиву кишоварзӣ, тиҷоратию таълимӣ, зиёративу варзишӣ, гастрономиву намоишӣ, илмию маърифатӣ, шикор, моҳигирӣ ва ғайраро муайян намуд. 
Бо мақсади муаррифии бештари зарфиятҳои сайёҳии кишвар, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Худи ҳамон сол барои мукаммал намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муайян сохтани дурнамои соҳа Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шуд. Зимнан, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштанд.
 
НАҚШАҲОИ ПЕШБИНИШУДА
Ҳукумати мамлакат дар доираи Барномаи рушди сайёҳӣ дар солҳои 2019-2021 ба рушди сайёҳӣ дар деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёди даҳҳо меҳмонхона ва осоишгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии маҷмуии сарироҳӣ, мотелҳо, фароғатгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор, марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар назар буданд.  
Сайёҳии экологию корӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор чун самтҳои афзалиятнок муайян шуданд. 
Дар ҳамин ҳол, татбиқи пурраи стратегия то соли 2030 саҳми соҳаро дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат назаррас мегардонад. Шароит ва инфрасохтор барои рушди сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқтидори кофианд, фароҳам оварда мешаванд. Сайёҳӣ аз саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ - фароғатӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва корӣ табдил меёбад. Сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гашта, рушди васеъмиқёси сайёҳӣ дар саросари кишвар таъмин ва Тоҷикистон чун кишвари аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта дар минтақаву ҷаҳон эътироф мегардад.
КОРҲОИ АНҶОМЁФТА
Дар ин давра сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарви бесобиқа пеш рафт. Барои рушди соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод шуданд. Воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуд ва имрӯз он натиҷаи назаррас ба бор оварда истодааст. Бештар аз 30 лоиҳа дар ин самт мавриди амал қарор дорад. Махсусан, бунёди 8 меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳри Душанбе ва якчанд иншоот дар вилояти Суғду дигар минтақаҳо аз ҳамин ҳисобанд.  
Қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар доираи тадбирҳои омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамзамон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қабили меҳмонхона, ошхона, марказҳои хизматрасонӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор, тарабхона, марказҳои истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, бунёду мавриди истифода қарор дода шуданд. 
Имрӯз дар дилхоҳ минтақаи дурдасти кишвар метавон аз шароити мусоиди будубошу истироҳат ва хизматрасониҳои муносиб баҳравар шуд. Дар мамлакат барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ тамоми шароитҳои зурурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҷмааи лижаронии «Сафед Дара» дар ноҳияи Варзоб, Маҷмааи бузурги хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаи «Сайёҳон» дар ноҳияи Восеъ, меҳмонхонаҳои «Чорчаман Хилс» дар ноҳияи Дарвоз, «Саразм плаза» дар шаҳри Панҷакент, «Манзара» дар ноҳияи Ховалинг, «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод, Боғи ботаникӣ - фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» ва даҳҳо иншооти дигари сайёҳӣ, низоми содакардашудаи дастрасии раводид, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон, яке аз мавзеъҳои бехатар аз рӯи  таъмини амнияти шабона эътироф шудани Тоҷикистон далели ин гуфтаҳоянд. 
 
НАТИҶАҲОИ БАДАСТОМАДА
Сайёҳӣ дар ин солҳо дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа пеш рафт. Чорабиниҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ баргузор шуданд. Соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 1 миллион гузашт. Ин нишондиҳанда соли 2019 низ нигоҳ дошта шуд. Нақшаҳо барои пешбурди соҳа ва интизориҳо аз ислоҳоти роҳандозишуда дар рушди сайёҳӣ зиёд буданд. Мутаассифона, бо пайдоиш ва паҳн шудани бемории ҳамагири COVID -19 дар ҷаҳон, сайёҳӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар натиҷа соли 2020 ба кишвари мо 350,6 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли 2019 – ум 72,2 дарсад кам мебошад. Вобаста ба мушкилоти пешомада, мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли 2021 шумораи сайёҳони хориҷӣ коҳиш ёфта, 125 ҳазор нафарро ташкил дод. Тибқи арзёбиҳои Кумитаи омор ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ даромади соҳа то давраи беморӣ тақрибан 2,5 дарсад (дар доираи 230-250 миллион доллари ИМА) -и ММД -ро ташкил медод. Соли 2020, ки замони идомаи шадиди беморӣ буд, ин рақам кам шуда, тахминан ба 72,6 миллион доллар баробар гардид, ки тахмин 1 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад.   
Бо назардошти вазъи бавуҷудомада Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳро ба сайёҳии дохилӣ нигаронда, метавон гуфт, ки дар ин самт муваффақ ҳам шуданд. Зеро шумораи сайёҳони дохилӣ дар нимсолаи сипаришуда рӯ ба афзоиш ниҳода, ба 14 ҳазору 300 нафар расид. 
Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳа ва баҳравар шудани ширкатҳои сайёҳиву дигар манфиатдорони соҳа тамоми тадбирҳоро меандешад. Феълан дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба беш аз 200 –то мерасад. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 281 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 179 меҳмонхона, 25 ҳостел ва мотел, 51 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 6 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, 3 пансионат ва кемпинг, 3 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ  мебошанд. 
 
БОЗ ЧӢ ТАДБИРҲОРО МЕТАВОН РОҲАНДОЗӢ КАРД?
Ба андешаи коршиносон барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бояд дар ҳоли ҳозир сайёҳии дохилиро бештар рушд бахшид. Инчунин, рушди агросайёҳӣ, дучархаронӣ, қаиқронӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, барои рушди бемайлони сайёҳӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ лозим аст. Бино ба пешниҳоди онҳо, дар минтақаҳои сайёҳии дурдаст бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, ба монанди торҳои канатӣ, кемпингҳо, деҳаҳои сайёҳӣ ва нуқтаҳои пешниҳоди лавозимоти сайёҳӣ, ба монанди дучарха, хайма ва ғайра иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро бамаротиб боло мебарад.  
Ҳоло Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид. Метавон гуфт, ки соҳа то ҷое ба ҳадаф расид, зеро ду соли қаблӣ шумораи воридшавии сайёҳони хориҷӣ беш аз дую ним  маротиба боло рафта, инфрасохтори гуногуни ёрирасони соҳа пурра гардид. Бо назардошти кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи мутасаддиёну алоқамандони соҳа, метавон гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон боз ҳам ривоҷу равнақи тоза касб намуда, ба бозорҳои нав роҳ мекушояд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2022    №: 9    Мутолиа карданд: 6681
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед