logo

маориф

ДДЗТ: донишҷӯ - барандаи стипендияи ба номи Ломоносов

Ин ҳафта Фотима Эгамназарова, донишҷӯи факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода, зимни ширкат дар Озмуни байналмилалӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ, ки аз тариқи Интернет сурат гирифт, барандаи стипендияи ба номи Ломоносов гашт. Ва муҳассили шӯъбаи забони ҷопонии факултаи забонҳои Шарқ Шаҳноза Кӯчбоева дар озмуни ҷумҳуриявии санъати наттоқии забони ҷопонӣ ғолиб омада, барои ширкат дар Озмуни 14-уми Осиёи Марказӣ роҳхат гирифт. Ин духтарон ба донишкада тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.
Бино ба иттилои Файз Турсунов, ноиби ректори донишкадаи мазкур, дар нишасти матбуотӣ таълимгоҳ дар ҳалли мушкили сатҳи пасти донишандӯзии ҳамаи донишҷӯён, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квота мехонанд, муваффақ аст.
Сабаби комёбии донишкадаро дар бахши таълим ноиби ректор аз фароҳам будани шароити хуби омӯзиш, яъне мавҷудияти китобхонаи замонавӣ бо теъдоди беш аз 80 ҳазор нусха адабиёти дарсӣ ва инчунин китобхонаи электронии фарогири 85 ҳазор нусха адабиёти дарсии муосири  кишварҳои дигари ҷаҳон арзёбӣ намуд.
Омили дигар, ба андешаи ӯ, муваффақ гаштан ба ҳалли мушкили таҷрибаомӯзии  донишҷӯён аст. Азбаски таҷрибаомӯзӣ дар ташкилоту муассисаҳо натиҷаи хуб надод, давоми ду соли охир дар ин самт ҳар кафедра барномаҳои мушаххасро таҳия ва роҳандозӣ намудааст.
Инчунин ба онҳо устодони соҳибзабон аз кишварҳои Ҷопон, Миср, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва ИМА сабақ медиҳанд. Ва айни замон 60 донишҷӯ дар мактабҳои олии ҷумҳуриҳои Чин, Мисри Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия таҳсил мекунад.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5607
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед