logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

10 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар иҷлосия, инчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат варзиданд.
Ҷаласа  таҳти  раёсати  Сарвазири  Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД Никол Пашинян сурат гирифт.
Тавре таъкид гардид, 10 январ дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни бетартибиҳои оммавӣ рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид ва иштирокчиён иҷлосияро бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз карданд.
Иштирокдорони иҷлосия масъалаи “Дар бораи вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аъзои Шурои амнияти дастаҷамъӣ оид ба вазъи Қазоқистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи афкор карда, аз ҳолати мураккаби имрӯза дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суханронӣ карда, дар бораи вазъи кишвар ва чораҳои ба эътидол овардани он маълумоти муфассал дод.
Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи иҷрои қарори Шурои амнияти дастаҷамъӣ оид ба расондани кумак ба Қазоқистон гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомоти раҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин,  талошҳои таблиғоти онҳо байни шаҳрвандон ҷалб сохтанд. Дар ин замина, Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобилият бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.
Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин, оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ, изҳори назар намуданд.
Сарварони давлатҳои аъзои СААД аҳамияти барқарор кардани амният ва субот дар Қазоқистонро таъкид карданд.
Дар ҷараёни иҷлосия иштирокдорон оид ба таъмини амният дар Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзо як қатор таклифу пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед