logo

сиёсат

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

 
8 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Раис!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷониб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати рӯйдоди хотирмон барои мардумони ду кишвар – 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бипазиред.
Кишварҳои мо, тайи ин давра, ба мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва таъмини дурнамои самараноки густариши онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешидаанд ва мо идомаи талошҳои ду кишварро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунем.
Тоҷикистон ҳамвора ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи кишварҳоямон дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, коркарду татбиқи тарҳу барномаҳо ва чораҳои созгор барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо мебошад.
Итминон дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди содиқонаву якҷояи ҷонибҳо, мо метавонем муносибатҳои ду кишвари дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангиро бо натиҷаҳои бештар назаррас ва ҷавобгӯи манфиатҳои волои мардумонамон ғанӣ гардонем. Умедворам, ин соли ҷашнӣ бо дастовардҳои навини худ муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародарро рангин хоҳад кард. 
Бо таҷдиди табрикоти хеш ба Ҷаноби Олӣ аз даргоҳи Худованд сиҳатмандии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш хоҳонам».
 
Дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Ассалому алайкум.
Фаро расидани сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишваратон самимона табрик мегӯям.
Хушбахтона, тули се даҳаи гузашта ду кишвар бо баҳрагирӣ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистаанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ даст ёбанд, ки, албатта, бо дар назар гирифтани зарфиятҳои азими ду кишвар, имкони боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо, махсусан дар бахшҳои иқтисодӣ, ба нуктаи матлуб вуҷуд дорад. Дар ин росто, бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд, ки заминаҳои лозим барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар барномаҳои кории муҳими масъулини дахлдор қарор гиранд ва фасли ҷадиде аз робитаҳои ҳамаҷониба бо пуштибонии эътимоди сиёсӣ шакл гирад.
Умедворам, бо таваҷҷуҳ ба азму иродаи сиёсии мавҷуд ва дар сояи талошҳои муштарак, шоҳиди тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо дар ростои таъмини манфиатҳои мутақобили ду миллати Эрону Тоҷикистон бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб, хонаводаи муҳтарам ва беҳрӯзии мардуми азиз ва шарифи Тоҷикистонро орзу дорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед