фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа, фармон медиҳам:
1. Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2026 баргузор карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 январи соли 2022, № 311
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2022 №: 10 Мутолиа карданд: 5227