logo

сиёсат

ПАЁМ. МАРҲИЛАИ ТОЗАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар Ватани биҳиштосо умр ба сар бурда, аз кӯҳҳои осмонбӯс, талу теппаҳои гулпӯш, заминҳои ҳосилхез, чашмаҳои мусаффо, дараҳои хушсадо, суруди рӯдҳо, лапиши мавҷи кӯлҳо, долу дарахтони гулбасару доманбасамар, боғу бӯстонҳои хушбӯю атрогин, шаҳру деҳоти мунаққашу мусаххар, зебоию тароват, ободию шукуфоӣ, пешравию нумӯ, ватандориву фарҳангсолорӣ, сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, осудагию озодӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз Истиқлол бибояд биболиду шукрона кард, зеро гуворо будани ин ҳама маҳз ба шарофати он дарку эҳсос мешавад.
 
Бале, бо сарварию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем». 
Инак, ин суханон дар Паёми Пешво дар фарҷоми соли 2021, ки соли, воқеан, таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии Истиқлолияту Озодии Ватани маҳбубамон аст, ҳамчун «вологуҳаре дар булӯринсадафи чархи куҳан» падид омад, ки дастовардҳои шоистаи мамлакат ва комёбиҳои рӯзафзуни кишвари азизамонро нишон дода, чун шиори водоркунанда моро ҳушдор месозад, ки Тоҷикистон «ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад». 
Оре, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳукми анъана ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мешавад, барҳақ, ба муҳимтарин рӯйдоди сол табдил меёбад ва ба истиқболи гарму самимии тамоми сокинони диёри арҷмандамон сазовор мегардад. Ҳар як Паём марҳилаи тозаеро дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ мебахшад ва ҳамагонро ба фаъолияти бештару бавусъаттар даъват менамояд. Ҳар як Паём барномаи амали аҳли кишварро барои соли навин ва давраи муайян тарҳрезӣ мекунад ва раҳнамою ҳидоятгари мардум ба ҷодаҳои навини созандагию бунёдкорӣ мешавад. Ҳар як Паём башоратест аз марҳилаи тозаи рушду шукуфоии миллат, оинаи тамомнамоест пешорӯи вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат. Ҳар як Паём махсусияти худро дорад ва ҳамбаста аст бо иқдомоту изҳороту ибтикороти навину ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат. Ва Паёми имсолаи Сарвари кишвар, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад, боз ҳам фарогиртару пурдалел ва печида бо тавзеҳоту арқоми фараҳбахш аст. 
Пешвои миллат ҳамчун ватандори асил дар оғози Паёми навбатии хеш бо камоли ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд: «Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Воқеан ҳам, Тоҷикистони азиз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ба комёбиҳои беназир мушарраф гашт ва ба кишвари ободу пешрав табдил ёфт, ки онро дигар мамолики дунё ба расмият мешиносанд ва ҳамчун диёри боамну осоишта, ошёни сулҳу дӯстиву ваҳдат эътироф мекунанд. Кӯшишҳои пайгиронаву халқпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, ривоҷи созандагию бунёдкорӣ, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар паҳнои ҷаҳон ва муаррифии комили таъриху фарҳанги миллат хеле пурсамаранд. Пешвои миллат бар он назаранд, ки барои пешрафти бомароми мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз тамоми имконоти мавҷуда хирадмандона бояд истифода бурд. Дар ин самт соҳаи саноат дорои захираву имконоти бузург аст ва аз ин рӯ, Сарвари давлат дар Паём чунин пешниҳод карданд: «Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022 - 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд».
Ин иқдом мамлакатро ба марҳилаи тозаи рушд ворид хоҳад сохт ва сатҳи некуаҳволии мардумро боз ҳам боло хоҳад бурд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар бо ҳам иртиботи қавию ногусастанӣ доранд. Ва соҳаи саноати мамлакатро бидуни таваҷҷуҳ ба соҳоти дигар дар алоҳидагӣ наметавон рушд бахшид. Аз ин лиҳоз, соҳаи маориф низ истисно нест, чун барои равнақи саноат ва идораи муваффақонаи он, пеш аз ҳама, таълиму тарбияи мутахассисони варзида ва соҳибпешагони мумтоз бағоят муҳим аст. «Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад».
Бо дарки амиқу дақиқи ин қазия Сарвари кишвар дар Паём изҳор доштанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. 
Айни замон фазои таҳсилот дар Тоҷикистон тағйироти сифатиро аз сар мегузаронад. Дар раванди таҷдиди самти таълим нақши махсус ба омӯзиши забонҳо равона мегардад. Нақши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, нисбат ба дигар забонҳо хеле васеътар мешавад. Дар шароити муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд ҳамчун як падидаи махсуси таҷассумгари хотираи таърихӣ ва эстетикии халқҳои ҷаҳон, манбаи дониш дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги инсонӣ ва миллӣ амал намоянд. Президенти ҷумҳурӣ зарур донистанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи хоссаву ҳамешагӣ зоҳир карда шавад. “Бо вуҷуди он, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати  таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. 
 
Дар идомаи ин иқдомот дар Паём омадааст, ки вобаста ба “мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад” ва “зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад”. Вобаста ба ин, дар назди масъулини мактабҳои олии мамлакат вазифаҳои ҷиддиву масъулиятталаб  гузошта шуданд. Тақозо шуд, ки ба забономӯзии толибилмон, бавижа ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, бештар диққат дода шавад. «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, - иброз доштанд Пешвои миллат, - бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан душвор мегардад». Вобаста ба ин ҳолати воқеӣ, Сарвари давлат дар назди Вазорати маориф ва илм вазифа гузоштанд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро ба нақша бигирад, зеро васеъ гардидани доираи имкониятҳо зарурати таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилотро ба миён овардааст, ки ин ба тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкор, навовар ва соҳиби касбу ҳунарҳои гуногуни давр мусоидат менамояд, аз ин рӯ “ зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва занону бонувон, тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд”.
Мусаллам аст, ки марҳалаи ҳозираи инкишофи ҷомеа дар назди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаи ҷиддиро гузоштааст, ки омилҳои ба фазои умумиҷаҳонии илмӣ ворид шудан, ташкили низомҳои омӯзиши ба шароити муосир созгор, баланд бардоштани сатҳи ташаккули илмии шахсиятҳои ҷомеа ва таҳкими робитаҳо байни сатҳҳои мухталифи низоми маориф ва илм аз ҷумлаи чунин масоиланд. Дар Паём таъкид мегардад: “Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад”, аз ин гузашта “ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем”. Аз ин лиҳоз, “олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.
Нуктаҳои муҳиме, ки аз ин лиҳоз дар Паём оварда шуданд, аз ҷумла дар назди мо – аҳли маориф ва илм, вазифаҳои масъулиятбор мегузоранд. Дар Донишкадаи мо, ки боргоҳи бонуфузтарини забономӯзӣ дар ҷумҳурист, Паёми навбатии Сарвари кишвар аз ҷониби кулли кормандон истиқболи самимӣ дарёфт ва дар ҳамоиши махсуси устодон мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар партави Паём маҳфили ҷамъбасти ҳафтаи забонҳои Аврупо ва Конференсияи байналмилалии «Ҷанбаҳои муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот” баргузор гардид. Ҳамагон бар он назаранд, ки ҳамакнун дар робита ба мазмуну муҳтаво ва талаботу пешниҳодоти Паёми Пешвои миллат дар Ватани соҳибистиқлоламон марҳилаи тоза ва бағоят ҷиддии забономӯзӣ фаро расидааст. Талаботе, ки дар Паём вобаста ба омӯзиши забонҳо ба миён гузошта шуданд, пеш аз ҳама, иртиботманд ба фаъолияти устодони мактабҳои олӣ ва факултаҳои забономӯзӣ мебошанд. Бояд сатҳу сифати таълими забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро боз ҳам баланд бардошту ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохт. 
Мо, ҳайати кормандону омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, бар он мекӯшем, ки вобаста ба Паёми Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро бештар тақвият бахшида, дар омодасозии мутахассисони варзидаи забондон ва дорои маърифати баланд пайваста ҷидду ҷаҳд намоем. Нуктаҳои зерини ҳидоятгару меҳрбори Пешвои муаззами миллат дар Паём барои мо ҳукми шиор ва маромномаи кору фаъолиятро доранд: «Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем».
 
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА, 
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 
ба номи С.Улуғзода, доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 749
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед